arzon replenishment
Меҳри хоҳар қисми 2
1473

 

-Мо дар оила чор фарзанд-ду духтару ду писар будем. Падарам як умр тоҷир буданду дар бозорҳои Маскаву Ленинград зардолу, пиставу бодом савдо мекарданд.

Ҳар чори моро хононда, соҳиби маълумоли олӣ, касб ва ҷои кор карданд. Ману хоҳарам шукри Худои меҳрубон шавҳар, фарзанд ва хонаи обод дорем. Як додарам бо тақозои касб дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ мекарду ин додарам бо волидонам буд.

Падару модари меҳнатии     пирам дар сояи давлати писарон роҳату осоиши пирӣ надиданд. Пас аз як ҳафтаи зангирии ҳамин додарам модарам бе ягон беморӣ аз олам чашм пушид.

Арӯси нав як пиёла чой накардаву хӯроке напухтаву либосе нашуста ҳанӯз маъраки чилро надода, назди додарам шарт гузошт:

-Ман аз падарат метарсам, дар ин хона ё ӯ мемонад ё ман!

Мебоист ҳамон вақт ҷавобашро дода, аз чунин бало халос мешудем, аммо падарам хомӯшию бетарафии писарашро дида, «Кордор набошед, ба хотири ман, ки аз умрам андаке мондааст, додаратонро хонавайрон накунед» гӯён, моро насиҳат кард.

Падари гуруснаю гирёнамро шавҳарам ба хона оварду то охири умраш хизматашро карда, дуои нек гирифт. Падари замоне сарватманду соҳиби ҳавлии калону хонаҳои боҳашамати аз он рондашуда дар хонаи духтар, дар дасти домод чашм пӯшида ҷон доду аз ҳавлии домод ба хонаи охираташ сафар кард.

Арӯси беимону волидонаш ҳатто ба ҷаноза наомаданду додарам низ пас аз маъракаҳои мотамӣ дигар ба хонаи мо омаду рафтро бас кард. Мо аз паи зиндагии хеш ва дилсард аз рафтори додар дигар парвои ӯро надоштем.

Ӯ ҷои кори хуб, хонаи обод ва се фарзанд дошту мӯҳтоҷи касе набуд. Пас аз панҷ соли фавти падар ва ҷудоиҳо рӯзе додарам ғайриинтизор ба хонаи ман омад.

Шодиву нишоти маро аз дидораш интиҳо набуд. Табъи хираву парешонхотирӣ ва чеҳраи беморнамояшро дида, аз саломатиаш пурсон шудам.

-Шукр сиҳатам, вале чанд рӯз аст, ки бо вуҷуди аз кор монда шуда омаданам шабҳо аз ҳарос орому осуда хобида наметавонам. Кӯдакон низ тарсончак шудаанд.

-Маро натарсон укоҷон, дурусттар гап зану фаҳмон, ки аз чӣ метарсед?

-Додари занамро, ки чанд сол боз дар беморхонаи касилиҳои руҳии Лакон хоб буд, волидонаш оварда, нигоҳубин карда натавонистанду апааш ӯро ба ӯҳдаи худ гирифта, ба хона овард.

Ин девона ҷони ҳамаи мову ҳамсояҳоро ба дод овардагӣ. Бемориаш авҷ гирад ё қаҳраш ояд, ба ману фарзандонам дарафтода мезанад, косаву табақҳоро мешиканад.

Дирӯз як говро бо каланд зада кушту имрӯз гӯсфандхонаву катаки мурғонро оташ зада, се гӯсфанду 25 мурғро сӯзонд. Занам ба эътирозам гӯш надода «Ман аз баҳри туву фарзандонат мебарояму аз додарам рӯй наметобам» гӯён, аз бурда ба девонахона ё падару модараш супоридан саркашӣ карда истодааст.

Намедонам чӣ кор кунаму аз ин бало чӣ хел халосӣ ёбам? Дирӯз як ҳамсоя аз ин хусус ба милиса хабар доду дар бало монд. Занам додарашро дар таҳхона пинҳон кард ва баъди рафтанашон бо ҳамсоя чунон ҷанҷол кард, ки мондан гир.

Дилам ба ҳоли зори додарам сӯхту гузаштаро фаромӯш карда, ваъда додам, ки ҳатман рафта, бо занаш ин масъаларо ба хубӣ ҳал менамоям, вале ду рӯз имкон наёфтаму ба хонаи додарам рафта натавонистам.

Рӯзи сеюм духтари даҳсолаю писари дувоздаҳсолаи додарам ба хона гирён омада, нақл карданд, ки тағояшон додарамро газида, девона кардааст.

Маълум шуд, ки ҳамон рӯзи ба хонаи ман омадани додарам занаш аз қаҳр ҷогаҳи ӯро дар берун, рӯи кат андохтааст. Нисфишабӣ аҳли оилаю ҳамсояҳо аз доду фиғони имдодталабонаи додарам бедор шуда, омада мебинанд, ки девона мисли даррандаи ваҳшӣ тамоми баданашро газида хуншор кардаю қасди куштанашро дорад.

Касе ба милиса занг мезанаду бо кӯмаки ҳамсояву милисаҳо додарамро аз чанголи девона халос мекунанд. Субҳи он шаби даҳшатбор ҳама мебинанд, ки додарам низ ақл бохта, девона шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД