arzon replenishment
Меҳри хоҳар қисми 1
1990

 

(Қиссаи воқеӣ)

Микроавтобуси тамғаи «Газел» аз мусофирон пур шуду он аз истгоҳи шаҳри Хуҷанд ҷониби шаҳри Исфара ба роҳ баромад. Дар паҳлӯи ман русзани тахминан 70-солае менишаст.

-Сад ҳайфи он шаҳри ободу зебое, ки мо солиёни зиёд сохтему ободаш кардем. Чаро касе аҳамият намедиҳад, ки ноинсофон пеши назар ҳамаро вайрон карданд. 

Худашон як хишт монда, деворе рост накардаю ниҳоле шинонида сабз нанамуда, заҳмати дигаронро ба яғмо мебаранд, худозадаҳо! -гӯён бо надомат худ ба худ ба гап даромад кампираки рус.

Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту ба кампири рус суол додам:

-Кадом шаҳрро дар назар доред? Зеро баробари аз ноҳияи ободи ба номи Бобоҷон Ғафуров баромадан, дигар ягон шаҳру биное, ба ҷуз киштзору дарахтони сарсабзи қади роҳ чизе ба назар намерасид.

-Ман дар шаҳраки овозадори шахтёрон-Шӯроб дар оилаи ангиштканон ба дунё омада, ба воя расидам. Оҳ! Чӣ қадар шаҳри озодаю дилрабое буд! Ҳама тамошою харидкунӣ ба он ҷо меомаданду намояндагони чандин қавму миллатҳо паҳлӯи ҳам кору зиндагӣ мекарданд.

Ангишти Шӯроб аз ҷиҳати сифат беҳтарин буд. Бо тақозои касбу вазифа соли 1980 маро ба Вазорати саноат ба кор гирифтанду то нафақа дар он ҷо кор кардам. Айёми пирӣ ёди ҷавонӣ кардаму дирӯз ҳам барои шаҳри азизамро дидану ҳам зиёрати қабри волидон ба Шӯроб омадам.

Бовар кунед, аз он шаҳри ободи азизам нишоне намондааст, гӯё дар ин шаҳр ҷанги сахте шуда, ҳама валангор. Аз биноҳои замоне истиқоматӣ танҳо деворҳои нимвайрона мондаасту халос. Чаро мардуми зиёд аз бехонагӣ сарсону ин биноҳои ободро ба мӯҳтоҷон надода, имкон доданд то ғорату вайрон кунанд?!

Кампираки рус бо алам ҳарф мезаду ашки ҳасрат рухсораҳояшро мешуст.

Ба ҳарфҳои талхи кампир ҳама гӯш медоду аммо касе посухе гуфта натавониста, хомӯшона сар ҷунбонида, гуфтаҳояшро тасдиқ мекарданд. Мошин ба марзи ноҳияи Конибодом ворид шуду ман аз мавҷи баҳр чашм наканда, ҳарфҳои зани русро худ ба худ таҳлил мекардам.

-Мошинро нигоҳ доред! Шофёр, шофёр тез мошинро нигоҳ доред! Ба шумо мегӯям, нигоҳ доред, охир!

То он даме, ки ронанда суръатро оҳиста суст карда, онро нигоҳ дошт, ки мошин хеле дур рафт, зане аз қафо хеста омада, асабиёна дод мезаду такрор мекард: -Нигаҳ доред, нигоҳ доред, мегум!

Зан дари мошинро кушода, ҷаҳида фаромаду ба қафо давид. Аз паси ӯ марди ҳампаҳлӯяш низ фаромада, ҷониби зан равон гашт. Ронанда ноилоҷ мошинро ба ақиб ронда, то назди онҳо бурду пурсид: -Шумоён меравед,ё ҳамин ҷо мемонед?

-Мебахшед, аз ҳамаатон узр, камтар сабр кунед, ҳозир меравем,-илтиҷо кард мард.

Зан ба марди дар қади раҳбуда расида, ӯро ба оғӯш гирифту аз сару рӯяш бӯсакунон оварду дар ҷои шавҳараш шинонид. Мард ноилоҷ ба болои сумкааш нишасту мошин роҳи худро идома дод.

Ҳарчанд мусофири нав хеле ифлос, либосҳояш даридаю чиркин, мӯю рӯи моҳҳо об надида дошту ба девонаҳо монанд буд, зан бо меҳр сари ӯро ба оғӯш гирифта, навозишкунон мебӯсиду «хайрият, туро дар охир ёфтам» гӯён, шукргузорӣ мекард.

Аз бӯи бади ин мард нафасгир шуда, ман ва чанд нафари дигар тирезаҳои мошинро кушода, ба хотири он зани зебои хушлибос ҳарфе нагуфтем.

Зан дигар парвои касе надошту гоҳ хандону гоҳ гирён бо рӯймолчааш лабу рӯяшро пок карда, аз сумка нону шишаи обро бароварда, мисли кӯдак ба даҳонаш гузошта, мехӯрониду менӯшонид.

Марди девона баъди сер шудан сар ба китфи зан гузошту дарҳол хобаш бурд. Аз ин муҳит ҳама хомӯшу дохили мошин ором буд. Зан ба атрофиён нигариста, аз ҳама бо оҳанги гиряолуд барои рафтораш бахшиш пурсид.

-Ин додарам аст, се сол аст, ки дар ҷустуҷӯяш то куҷоҳое нарафтам. Дина хабар оварданд, ки ӯро дар бозори Истаравшан дидаанд. Шаб хобам набурду субҳ дар суроғаш ба ноҳияи Истаравшан рафтем.

Рӯзи дароз тамоми бозору кӯчаҳои ноҳияро гашта, аз ӯ нишоне наёфта ноумед, бо дили афгор баргашта истода будем.

-Ба ӯ чӣ шуда, ки ба чунин ҳол расид, ё модарзодист?-суол дод марди мусофире.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД