Манижа ном дорам ва донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ ҳастам. Аз рӯзе, ки мактаби миёнаро хатм кардам, дари хонаамонро хостгорон охӯрча кардаанд.
Ман то донишгоҳро хатм накунам, ба шавҳар баромадан намехоҳам, чунки ҳанӯз ҷавони табъи диламро пайдо накардам, вале волидонам ба ҷону ҳолам намонда, маро маҷбур карда истодаанд, ки келини холаам шавам. Чанд бор гуфтам, ки никоҳи хешу табори оқибати хуб надорад, вале онҳо маро ҳатто шунидан намехоҳанд.
Падару модарам ҳарду одамони соҳибмаълумот ҳастанд, вале ба васвасаи хешу табор афтида, хоҳӣ-нахоҳӣ, туро ба писари холаат медиҳем мегӯянд. Ҳар ҳафта ҳамин ки ба хона расидам, дарҳол суҳбатро ба ҳам ин мавзуъ кашида, асабҳои маро хароб мекунанд. Намедонам бо кадом забон ба онҳо фаҳмонам, ки ман мурданро ба гардан мегирам, вале ба писари холаам ба шавҳар намебароям. Намехоҳам аз рӯйи ман шуда, ягон рӯз модару холаам аз ҳамдигар ҷудо шаванд.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
МАНИЖА