Рассоми уругвайӣ Карлос Паес Виларо 36 солро барои сохтани бинои монанд ба қалъаҳову ҳайкалчаҳо дар соҳили баҳр сарф кардааст. Имрӯз он меҳмонхонаи боҳашаммат ва яке аз ҷозибаҳои Уругвай мебошад.
Меҳмонхона дар болои сангҳо ҷойгир ва ғайриоддитарин дар ҷаҳон аст. Дар он девори рост вуҷуд надорад.
Виларо деворҳои биноро бо семент андова карда, ба онҳо дастӣ шаклҳои аҷоиб додааст. Ранги сафед дар пасманзари осмону баҳр равшан намоён шуда, ба ҳам печидани манораҳо, долонҳо, туннелҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ биноро ба лабиринти афсонавӣ табдил медиҳад.
Дар сохтмони бино танҳо худи Паес Виларо ва баъзан моҳигирони маҳаллӣ иштирок кардаанд.