Arzon march 2024
Мехоҳед дар хориҷи кишвар кор ёбед?
18.05.2023
ОИЛА
1162

 

Хонандагони азиз! Бо мақсади ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар пайдо намудани кор дар хориҷи кишвар ёрии амалӣ расонидан, минбаъд сомонаи "Оила" рӯйхати ҷойҳои холии кориро, ки ширкатҳои расмии бо интиқоли муҳоҷирон сару кор дошта пешниҳод менамоянд, нашр хоҳад кард. Имрӯз аз ин силсила номгӯйи ҷойҳои кориро дар Русия манзуратон мегардонем, ки ҶДММ “Шариф-асри нав” пешниҳод кардааст.

1. Кор дар комбинати гӯшт дар шаҳри Краснодари Русия

Бастабандӣ, бор кардан ва фаровардани маҳсулот, шустани дастгоҳҳо, ба навъҳо ҷудо кардани маҳсулоти истеҳсолшуда ва ғайра. Ҳафтаи корӣ 6/1. Басти корӣ 12 соат, 1 соат хӯроки нисфирӯзхӯрӣ. Музди меҳнат аз 50000 рубл барои 286 соати корӣ дар моҳи аввал ва 53000 рубл аз моҳи дуюм. Роҳкиро ва патентро худи корфармо пардохт мекунад ва баъдан аз ҳисоби музди меҳнат ин маблағ боздошта мешавад. Кормандон бо манзил таъмин карда мешаванд. Шартнома барои 1 сол баста мешавад.

2. Кор дар корхонаи паррандапарварӣ дар Қрим

Музди меҳнат аз 40000 (моҳи аввал) то 48000 рубл. Хароҷоти роҳ ва патентро корфармо медиҳад. Маблағи патент 6000 рубл. Коргарон бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Хӯроки арзон 3 маротиба дар як рӯз дар ошхонаи корхона бо арзиши 465 рулб дар як моҳ.

3. Кор дар сехи яхмостайёркунӣ (барои занҳо) дар Краснодар

Реҷаи корӣ 6/1. Кор дар 2 баст, як ҳафта шабона ва 1 ҳафта рӯзона. Соати корӣ 11 соат ва +1 соат вақт барои хӯроки нисфирӯзӣ. Коргарон ба таври ройгон бо манзил таъмин карда мешаванд. Хароҷоти роҳ ва патент аз ҳисоби корфармо бо боздоштан аз музди меҳнат. Арзиши ҳармоҳаи патент 6810 рубл. Музди меҳнат 45 000 рубл.

4. Кор дар комбинати шир дар Выселкии Краснодар

Реҷаи корӣ 6/1. Кор дар 2 баст, як ҳафта рӯзона ва як ҳафта шабона. Рӯзи корӣ 12 соат. Кормандон ба таври ройгон бо манзил таъмин карда мешаванд. Арзиши ҳармоҳаи патент 6810 рубл. Музди меҳнат 45 000 рубл

5. Кор дар фермаи чорводорӣ дар вилояти Вологодски Русия

Музди меҳнат 175 рубл дар 1 соат. Реҷаи себастаи корӣ. Басти 1-аз соати 03:30 то 13:00 (10 соат), басти 2-аз соати 13:00 то 21:00 (8 соат) ва басти 3-баст аз соати 07:00 то 19:00 (12 соат). Роҳкиро аз Душанбе то Маскав аз ҳисоби коргар ва аз Маскав то корхона аз ҳисоби корфармо. Коргарон ба таври ройгон бо манзил таъмин карда мешаванд. Барои корҳои иловагӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

6. Кор дар фабрикаи бофандагӣ дар шаҳри Владимир

Занҳои синну солашон аз 20 то 50-сола ба кор даъват карда мешаванд. Ҳафтаи корӣ 6/1 аз соати 08:00 то 20:00. Музди меҳнат шартномавӣ аз 45000 то 50000 рубл дар як моҳ. Коргарон бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Маблағи хӯрду хӯрок қисман аз ҳисоби корфармо пардохт карда мешавад. Хароҷоти роҳ аз Тоҷикистон то Маскав аз ҳисоби муҳоҷир ва аз Маскав то расидан ба макони кор аз ҳисоби корфармо.

7. Кор дар корхонаи нонпазии Барнаул

Синну сол аз 20 то 45 сола. Шӯридани хамир, пухтани нон ва бор кардани маҳсулот. Музди меҳнат аз 1800 то 1900 рубл барои як басти корӣ. Соати корӣ: 12 соат дар як рӯз. Роҳкиро ва патент аз ҷониби худи корфармо пардохт карда мешавад. Шартнома ба муҳлати як сол баста мешавад.

Телефон барои тамос: 888884300 - Суҳроб Тошев, директори ҶДММ “Шариф-асри нав”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД