Commerc banl
Мехоҳед ба Кореяи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ равед?
139

Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо пахши як эълон хоҳишмандонро мувофиқи барномаи EPS topik ба кор дар Кореяи Ҷанубӣ даъват намудааст.

Шахсоне, ки мехоҳанд дар Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи истеҳсолот кор кунанд, аз 2-юм то 5-уми марти соли равон метавонанд аризаи худро бо пардохт намудани маблағи боҷи имтиҳон дар ҳаҷми 330 сомонӣ ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа пешниҳод намоянд.

Маълумотҳоро ба ариза аз шиносномаи хориҷӣ бе хато ворид кардан шарт аст. Шахсоне, ки маълумотҳоро нодуруст ворид намудаанд, ба имтиҳон роҳ дода намешаванд.

Талаботҳои асосии иштирок дар имтиҳони EPS topik инҳоянд:

- Доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Донистани забони кореягӣ тибқи низоми EPS topik;

- Синну сол аз 18 то 39-сола (рӯз, моҳ, соли таваллуд, аз 03.03.1986 то 02.03. 2008);

- Надоштани доғи судӣ;

- Надоштани ихроҷшавӣ, яъне депортатсия аз Корея;

- Надоштани бемориҳои сироятӣ.

Барои номнавис кардан маълумотҳои зерин лозиманд:

1. Рақами телефон;

2. Шакли электронии шиносномаҳои хориҷӣ;

3. Расми рангаи электронӣ, ҳаҷми 3,5×4,5 дар фони сафед.

Маълумотҳо бояд дуруст ва бо ҳарфҳои лотинӣ ворид карда шаванд!

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ шумо метавонед ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоед. Агентӣ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80 ҷойгир шудааст.

Телефонҳо барои тамос: 221-39-83, 221-39-67

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД