Шоҳмотбози ҷавон аз Тоҷикистон Муродалӣ Сайфиев дар чемпионати ҷаҳон миёни хонандагони мактабҳои миёна, ки дар шаҳри Вашингтон (ИМА) баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ 286 иштирокчӣ аз 48 кишвар лаёқати худро санҷиданд. Сайфиев дар тахтаи чорум баромад карда, аз 7 давр 6 хол гирифт ва соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Ба гуфтаи мураббиён, ин дастовард барои Тоҷикистон муҳим буда, сатҳи баланди омодагии шоҳмотбозони навраси кишварро нишон медиҳад.
Пештар низ дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор шуд, Муродалӣ Сайфиев дар байни 20 писарбачаи синни 8-сола аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ҳунари хуб нишон дода буд. Ӯ дар 9 давр 6 имтиёз ба даст оварда, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.