Formula novemver 2024
Мазҳакаи тақдир
15.07.2022
Дилошӯб
2347

 

Баъзан зиндагӣ гардишҳое дорад, ки миёни дилхоҳ инсони бақувватро мешиканад. Шарт нест, ки туро бо санги вазнин ё оҳане зарб медиҳанд, ба синаат корд мехаланд, тоқати таҳқир вазнинтар аз ҳама зарбаи ҷисмонӣ аст.

Сабрина лаънат мегўяд ба он рўз, ки Назарро дўст дошту ба хотири ў дили садҳо ҷавони дигарро шикаста, ба хонаи онҳо келин шуда омад…

                                 Келин ё ғулом?        

Ҷавонон якдигарро дар як тўй дида хуш карданд, баъд фаҳмиданд, ки дар як донишгоҳ таҳсил мекардаанд, танҳо Назар аз Сабрина ду курс болотар мехонд. Бо гузашти рўзҳо ишқи онҳо мустаҳкамтар мешуду ҷавонон бе якдигар, ба қавле як қадам ҳам намемонданд, Назар донишгоҳро хатм карду мувофиқи ваъда ба хонаи волидони Сабрина хостгор фиристод. Падару модари Сабрина меҳмононро хуш пазируфта, барояшон дастархони пурнозу неъмате оростанду ба хотири ишқи духтарашон ба издивоҷи эшон розигӣ доданд.

Тўй барпо гашту навхонадорон ба шоҳроҳи зиндагии мустақил қадам ниҳоданд, дар аввал ҳамааш хуб буд, хусуру хушдоманаш аз келин ризо буданд, зеро Сабрина дар замин наменишаст, ҳамеша ба по рост буд. Субҳи барвақт аз хоб хеста, то бедор шудани аҳли оила наҳории лазизе тайёр намуда, мисли пешхизмати тарабхонаҳо хизмати хусуру хушдоман ва додаршўю хоҳаршўяшро мекард. Назар аз вай напурсида, арўсашро ба шуъбаи ғоибона гузаронида буд ва Сабрина низ чун одати дигар духтарони тоҷик, ҳатто норозигӣ баён накард. Арўсак ба маънои томаш ба хизмати пайвандони шавҳараш камар баста буд, ҳатто ҳомиладорияш низ каме раҳми хушдоманро намеовард, ки ўро аз баъзе корҳо озод созад. Аз бўи равған дилаш беҳузур шавад ҳам, даҳонашро бо латтае баста, вазифаашро иҷро мекард. Хоҳаршўяш духтари қадраси синфи даҳ бошад ҳам, аз дасти хўрда хобидан баданаш он қадар равған гирифта буд, ки бинанда гумон мекард, зани сисола аст. Ин духтари беномус, аз дарс меомаду сари мизи оростаи Сабрина нишаста, фашар-фушуркунон мехӯрду ба хонааш даромада мехобид ё компютербозӣ мекард, инаш басанда набуд, ки чанд лаҳза пас “янга об биёр, янга компот биёр, янга як пора тортик биёр” гуфта, ҷонашро ба лаб мерасонд.

                        Марҳилаи дигари умр

Сабрина ба ҳамаи ин одат карда буд, вале писарчааш таваллуд ёфту зиндагияш ба ҷойи хубтар шудан ба ҷаҳаннам табдил ёфт. Кўдак нигоҳубини хоса мехосту Сабрина наметавонист соатҳо сари дегу табақ барои аҳли оилаи бамазахўраки шавҳар хўрок тайёр кунад, ин ҳама қаҳри хушдоманро меоварду ўро дар назди писараш бадгўӣ мекард. Назари меҳрубони ошиқ ба як шавҳари дағалу бераҳм табдил ёфта, бо таънаю эродҳояш дили Сабринаро хун мекард. Хушдоманаш рўирост ба шавҳараш мегуфт:

-Писарҷон, метарсам ин танбалхўҷа туро ба латтаи полшўӣ табдил надиҳад, зоидам гуфта, дасташро ба оби хунук намезанад, Худо медонад худаш ҳамроҳи кўдакаш хоб меравад!

Назарро шўронданҳои модар вайрон карда буданду шабу рўз бо ҳамсараш ҷанҷол мекард. Сабрина кӯшиш мекард, ки дар вақти хоб будани кўдакаш ҳама корро ба субут расонад, вале хушдоман аз ў ризо набуд.

Як шаб писарчааш Назирҷон таб карду то рўз нахобид, Сабрина низ ҳамроҳи кўдак бедор буд, ба вай дору мехўронд, ба баданаш спирт мемолид, метарсид, ки шавҳар ё хушдоманашро бедор кунад, ки духтурро ҷеғ зананд. Қарибиҳои субҳ тифлакро хоб бурду Сабринаи лакоту аз бехобӣ гаранг низ сарашро рўи болин монда хобаш бурдааст. Ўро садои ба ҳам задани чойнику пиёла ва дегу кафгир ба худ овард ва парида хест, зуд ба ҳамом даромада, дасту рўяшро шўсту ба ошхона гузашта узромез гуфт:

-Салом очаҷон, имшаб Назирҷон касал шуд, то рўз хоб накардем, дар хоб мондам…

Хушдоман бо қаҳр ба сараш дод зад:

- Э мур, хоб нарафта, як ту зоидӣ, як кўдаки ту бемор мешавад, хусуру хушдоман аз хоб хеста, келин хоб, ин куҷои гап?!

-Охир кўдак шаб касал шуд…-

Шояд ин дафъа овози келин баландтар баромад, ки хусураш аз айвон ба ошхона ворид шуда, аз дасти Сабрина гирифта, ўро аз дар берун карду гуфт:

- Ту манҷалақӣ боз забон баровардаӣ? Канӣ дафъ шав, ки дигар афтатро набинам…

Сабрина пойлуч пушти дар монд, аз ҳамсояҳо шарм дошта, берун баромаду рўи хараки бинои истиқоматияшон нишаст, оби чашмонаш рухсораҳои гулгунашро мешустанд. Ў мегирист, барои беқадрию беҳуқуқии хеш….

                                 Заҳри таҳқир

Ҳамон рўз дигар ўро ба хона роҳ надоданд, дилаш барои кўдаки бемораш мисли доғ месӯхт, ҷавонзан маҷбур пиёда –пиёда, пойлуч то хонаи модараш, ки дар кунҷи дигари шаҳр воқеъ буд расид. Модар ҳолати зори духтарашро дидаю шарҳи воқеаи ба сараш омадаро шунида, зуд ба шавҳараш занг зад. Падари Сабрина марди зиёии ботамкине буд, модараш низ ҳаргиз намехост оилаи навсохти духтараш вайрон шавад. Онҳо то метавонистанд духтарашонро насиҳат карданду бегоҳ Сабринаро гирифта ба хонааш бурданд, вале Назар занашро дар назди хусуру хушдоманаш талоқ дод. Падару модари Сабрина аз ин беақлии домодашон дар ҳайрат афтиданд ва Сабрина бо дили пурхун писаракашро гирифта, ҳамроҳи волидон ба хонаи падарӣ, ки он ҷо ду бародараш бо ҳамсару фарзандонашон зиндагӣ мекунанд, баргашт.

Назар ба суд ариза доду онҳо қонунӣ аз ҳам шуданд, Сабрина дар суд хоҳиш кард, ки шавҳари собиқаш барои фарзандашон хона харида диҳад, вале Назар имконият надорам гуфт, ҳарчанд онҳо чанд хонаи холӣ доштанд ва суд Сабринаро дар хонаи истиқоматии падари фарзандаш маскун кард.

Пас аз ин ҷудоӣ Назар ҳар ҳафта омада писарашро мебурд ва ду-се рўз бо онҳо мемонд. Назар зани дигар гирифт, Сабринаро ба ҷону дилаш алов рехту барқасди зани нави шавҳараш ҳамроҳи иҷрочиёни суд ба хонаи хусуру хушдомани собиқаш рафт, ки дар хонаи маскун кардааш ба зиндагӣ оғоз кунад. Ҳарчанд Назар тамоми чизу чораи Сабринаро дар мошине бор карда, ба хонаашон бурда буд, ҷавонзан барои дифоъ аз ҳуқуқҳояш ба хонаи як вақтҳо макони бахту шодияш рафт… кошки намерафт…

Ў ва иҷрочиёни судро хушдоманашу хоҳаршўяш бо қавоқҳои гирифта пешвоз гирифтанд, палонҷаш бо либосҳои арўси рўи хона гаштугузор дошт. Ин таҳқирро бинед, ки ўро дар хонаи хоби шавҳарашу зани наваш маскун карда буданд. Хушдоманаш ў ва ҳамроҳонашро ба хона раҳнамоӣ кард:

-Мо ҳамагӣ се хона дорем, ду хона аз ману ду хона аз фарзандаму шавҳарам, як хона аз инҳо. Кати хоб хеле зебо оро дода шуда буд, Сабрина худро ба зӯр дошта пурсид:

- Ман дар ин хона….. дар куҷо ақаллан хоб мекунам?

Ҳамин вақт палонҷаш бо як нозу лабханди масхараомез гуфт:

- Ту ана ин поёнба хоб мекунӣ, писарат бо мо дар диван….

-Боз ман шарт дорам, ҷониби келини наваш бо мамнунӣ нигариста гуфт хушдоманаш,- мудом, ки ту дигар ҷойи рафтан надорӣ, ҳар рўз ҳоҷатхонаю ҳаммомро мешўӣ, кори ту ҳамин!

Сабрина дигар тоқати ин маҳзакаро накарда, аз хона берун шуд…

Инак, шаш моҳ боз Сабрина кор мекунад, ў тамоми талошҳояшро барои он карда истодааст, ки барои худашу писаракаш як сарпаноҳе харад. Ҳарчанд Сабрина имрўз аз чизе камбудӣ надорад, вале заҳри забони хушдоман аз умқи дилу ҷонаш намеравад….

                                                                                              Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД