Arzon march 2024
Мавсими имтиҳон фаро расид
426

Тавре ки қаблан иттилоъ додем, пагоҳ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон машғулиятҳо ба охир расида, хонандагони синфҳои 2-11 аз 2 июн ба таътили тобистона мебароянд.

Бинобар анҷом ёфтани соли таҳсили 2022-2023 фармоиши вазири маориф ва илм «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расидааст. Аттестатсия ва имтиҳоноти аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз санаи 3 то 10 июн ба нақша гирифта шудааст.

Аттестатсия ва ё имтиҳоноти синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилотӣ аз 3 то 15 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3 то 20 июн гузаронида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД