Машғулиятҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ барои хонандагони синфи 1, 25 - уми май ва барои хонандагони синфҳои 2-11, 1-уми июн ба анҷом мерасад. Дар ин хусус Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.
Ба навиштаи манбаъ, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2023, № 175 соли таҳсили 2022-2023 машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои хонандагони синфи 1, 25 - уми май ва барои хонандагони синфҳои 2-11, 1-уми июни соли 2023 ба анҷом мерасад.
Ҳамин тариқ, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3-юм то 10-уми июн, инчунин аттестатсияи хатми синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3-юм то 15-уми июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3-юм то 20-уми июн гузаронида мешавад.