Мавизи Саразм
01.02.2026
Oila.tj
119

Токпарварӣ ва истеҳсоли мавиз аз пешаҳои қадимаи сокинони деҳаи Шурноваи деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент аст. Дар шароити ин деҳа, ки оби полезӣ фаровон нест, парвариши ангур манбаи муҳими даромади сокинон аст.

Сокини деҳа Улуғбек Маҳмадёров дар идомаи анъанаи пешиниён дар ҳавлиаш барои коркард ва ба навъҳо ҷудо намудани мавиз шарити мусоид фароҳам кардааст. Ин ҷо аз ангури навъи кишмиши истеҳсоли худӣ ва дигар сокинони деҳа мавиз омода намуда, хушконида, тоза карда, дар қуттиҳо ҷой менамоянд ва он пасон ба фурӯш бароварда мешавад.

Бозори шаҳри Панҷакентро низ асосан деҳқонони деҳоти Саразм, аз ҷумла деҳаи Шӯрнова бо ангур ва мавиз таъмин менамоянд. Имсол беш аз 100 тонна мавизи ошӣ ба шаҳри Душанбе деҳқони номбурда ирсол намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД