Мастура ном дорам. Мехоҳам рози диламро ба хонандагон бигӯям.Маро дугонаи ҷониям Сано дар рӯзи тӯяш ба қавле «свидетелница» карду аз Душанбе ба Норак омадем. Шоҳиди домод ҳар дам ба сӯям нигоҳҳои ошиқона афканда, чашмак мезад.
Чашмонамро гурезонда ба рӯяш наменигаристам, вале базм сар шуду аз рӯйи анъана шоҳидони домоду арӯсро ба рақс даъват карданд. Аввал не гуфтам, вале дугонаи арӯсакам дар бехи гӯшам пичиррос зада: «ту ба рақс набароӣ, духтари шаҳрӣ ноз мекунад мегӯянд, маро шарманда накун» гуфта зорӣ карду ночор ба саҳна баромадам. Мо дар ҳавои суруди ошиқона хеле рақсида, келину домодро табрик кардем. Гумон доштам, ки бо ҳамин ҷонам халос шуд, вале баъди ба сари тахт баргаштан шоҳиди домод «ту ба ман сахт маъқул шудӣ, агар розӣ бошӣ, ба хонаатон хостгор мефиристам» гӯён, таклифи издивоҷ намуд. Аз шарм лола барин сурх шуда чизе нагуфтам.
Базм ба охир расиду мо ба хона баргаштем. Саргарми кору бори худ шуда он ҷавонро аз ёд бурдам, вале як ҳафта пас суроғаи моро аз дугонаи арӯсакам гирифта, модараш ба хонаамон хостгорӣ омад. Падару модарам аз куҷо будани хостгоронро шунида ба даҳшат афтиданд ва «мо духтарамонро дар чунин роҳи дур ба шавҳар намедиҳем» гӯён, ҷавоби онҳоро кӯтоҳ карданд, вале падари ҷавон ҳеҷ умедашро наканда: «Духтаратон дар ҷойи бегона не, дар ҳамсоягии дугонаи ҷониаш келин мешавад, илтимос, як маротиба худашро пурсед» гуфтааст. Падарам маро даъват намуда гуфтанд: «Духтарам, ин одамон аз худи Норак туро талабгор шуда ба хонаи мо омадаанд, магар ту розӣ мешавӣ, ки дар чунин роҳи дур шавҳар кунӣ?»
Шарм дошта бошам ҳам, бо аломати ризо сар ҷунбондам, чунки дугонаамро бисёр дӯст медоштам ва худи ҷавон ҳам писандам буд. Падарам ба ғазаб омада, аз дастам кашолакунон маро ба хонаи дигар бурд ва зери мушту лагад гирифт, ки ту ба тӯйи дугонаат Сано рафта ошиқ ёфтаӣ. Маро ба қавле мурдакӯб карда падарам хостгоронро аз хона пеш кард. Ҳамон бегоҳ ба телефонам аз рақами ношиносе занг омаду ҳайрон шуда гӯшакро бардоштам. Садои ҳамон ҷавон ба гӯшам расид: «Мастураҷон, туро ба ман надоданд, дигар зиндагӣ барои ман маънӣ надорад. Пагоҳ падару модарам мурдаи маро аз дарё меёбанд»,- гуфту телефонро хомӯш кард. Ба даҳшат афтида чанд маротиба занг задам, вале гӯшакро набардошт.
Ба ташвиш афтида ба Сано телефон кардам ва буду шуди гапро гуфта зорӣ намудам, ки волидонашро аз нияти бади ӯ огоҳ созад. Сано зуд ба падару модари Ҷамол хабар додааст, вале бечораҳо сарашонро ба сад дар зада кофта бошанд ҳам, писарашонро наёфтаанд. Субҳи рӯзи дигар мурдаи мисли пуфак дамкардаи Ҷамолро аз соҳили дарё ёфтаанд. Ин хабари шумро ба ман Сано расонд. Аз рӯйи ман худкушӣ кардани як ҷавони бегуноҳро шунида девонавор ба падарам дарафтодам. Бо тамоми овоз навҳа кашида «ҳаётамро сӯхтӣ, акнун хурсанд шав, аз рӯйи ту шуда як бачаи бегуноҳ мурд! Падар шуда ба ҷойи барои хушбахтии духтарат талош намудан маро сиёҳбахт кардӣ. Ту чи хел мусулмонӣ, ки ба хуни як бачаи гул барин хушрӯю зебо зомин шудӣ?! Дигар ба рӯям нигоҳ накун, одамкуш! Одамкуш…» гӯён, падарамро нафрин мехондам ва рӯю мӯямро мекандам. Модарам маро кашолакунон аз назди падарам бурдан мехост, вале оташи дилам торафт бештар аланга гирифта, ҳеҷ ба ӯ тан намедодам. Он қадар гиристам, ки дигар мадорам намонд, танҳо «маро бубахш, духтарам» гуфтани падарам дар ёдам ҳасту халос, дигар чӣ шуд, намедонам, аз ҳуш рафтаам. Волидонам маро ба беморхона бурдаанд. Ба ҳуш омада бошам ҳам, ҳеҷ ба худ наомадам. Чанд моҳ беморхона ба беморхона гашта, билохира ба девонахонаи Куктош афтидам. Ҳоло дар ин беморхонаам, ҳолам аз пештара дида беҳтар шудааст, вале Ҷамоли ҷавонмаргу ормониро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам. Симои зебояш ҳамеша дар пеши назарам ҷилвагар аст. Беҳуда намегуфтаанд, ки қадри неъмат баъди завол аст, ман ҳам пас аз марги фоҷиавии Ҷамол бароям чӣ қадар азиз будани ӯро фаҳмидам. Афсӯс, ки вақтро ба қафо бар гардонда намешавад. Афсӯс, сад афсӯс…