Arzon march 2024
Маслиҳати хушдоман
03.09.2023
ОИЛА
1302

  Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» - момодояи маркази саломатии деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ Назарова Орзугул мебошанд.

Саволи мо ба модари азиз, ки умрашонро сарфи хизмати тиббии бонувон кардаанд, чунин аст:

-Зани хушбахт кист ва барои ба даст овардани бахт чӣ бояд кард?

 

 

-Гумон мекунам, ки боигарии асосии инсон саломатӣ аст. Тасаввур кунед, ки зан шавҳари хубу пулдору ошиқ дораду саломатӣ не…

Оё давлату сарвату дороӣ, ҳатто ишқ метавонад ба шахси бемор фараҳу шодмонӣ бахшад? Албатта не, аз ин рў, ҳар як инсон бояд аз саломатии худ хабардор бошад. Баъд зане хушбахт аст, ки Худованд ба ў фарзандони хубу солеҳро ҳадя намудааст.

Хушбахтии мо дар дасти худи мост, Худованд ба инсон ақлу тамиз додааст ва мо аз дигар махлуқони офаридаи Ў бо ақламон фарқ мекунем. Аз ин рў, бояд барои ба қуллаҳои орзуҳои хеш ҳаракат намоем, фатҳи ҳар як қуллаи армон ин хушбахтию пешравист.

Модаре, ки дар гардишҳои зиндагӣ метавонад дасти фарзандро бигирад, нақши қобили таваҷҷуҳе дар рушду шукуфоии истеъдодҳо ва созандагиҳои фарзандон дар муҳити хонавода дорад. Ба андозае, ки яке аз омилҳои саодат ва ё бадбахтии ҳар инсоне дар гарави вазъу ҳолати модар дар даврони бордорӣ аст ва оѓози хушбахтӣ ё ба бадбахтӣ гароидани афрод ба он давон марбут мебошад.

Фаҳмидани маҳфуми хушбахтиро дар зеҳни кўдак аз аёми туфуллият бедор намудан лозим аст. Агар мо бигўем, ки хушбахтӣ дар пулу мол нест, ин ҳам хатост, зеро надоштани мояи зиндагӣ одамро музтарибҳол мегардонад, рўҳафтода месозад. Аммо умри худро сарфи андухтани сарват намудан ҳам хатост, албатта кори худро дўст бояд дошт. Ҳар саҳар бо табъи болида аз хона бадар шудану ба умеди хизмате ба халқу Ватан по ба даргаҳи корхонаи хеш гузоштан ҳам хушбахтист. Одаме, ки метавонад аз чизҳои хурде худро хурсанд ҳисоб кунад, албатта ба атрофиёни хеш хушҳолӣ меорад. Дар оила ҳам чунин аст, ба он чизе, ки ҳамон рўз Худованд бароят муҳайё сохтааст, шукрона карданду сари хон назди фарзандон бо хотири ҷамъ нишастан, лаззати умр аст. Волидайни моро лозим аст, ки бо рафтори худ ин амалҳои савобро ба фарзандонашон омўзонанд. Боқӣ ба ҳамаи шумо саломатӣ, умрӣ дароз, тани сиҳат, хонаободӣ дар маҷмўъ бахти баланди оилавӣ мехоҳам!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД