Arzon march 2024
Маскуншуда чӣ ҳақ дорад?
718

Баъд аз се соли зиндагии муштарак оилаи мо пош хӯрд ва ман ҷое барои рафтан надорам. Бояд дар оилаи шаваҳарам маскун шавам, вале онҳо мегӯянд, ки туро аз ҳамаи чиз маҳрум мекунем ва худат аз хона баромада меравӣ. Мегуфтед, ки тибқи қонун зани маскуншуда чӣ ҳуқуқҳо дорад, то ки зери фишор қарор нагирад?
Мавлудаи Қаҳҳор.

Тибқи моддаи 24 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон шумо, ки зиёда аз се сол дар хонаи шавҳаратон истиқомат доштед, аъзои оилаи молик маҳсуб ёфта, бо ҳамроҳии фарзандони ноболиғатон метавонед, аз макони зист истифода баред, вале ҳангоми ҷой доштани баҳс дар хусуси истиқомат муаммои шумо тавассути суд бо талаботи моддаи 24, 25 ва ҳамзамон тибқи талаботи қисми 2 моддаи 53 Кодекси мазкур дар хусуси аъзои оилаи молик эътироф шудан, маскун шудан ба манзили истиқоматӣ, бо тартиби истифодабарии иншоотҳои ёрирасон ба таври умумӣ ҳаллу фасл мегардад.

Маскуншуда ҳуқуқ дорад аз утоқе, ки ба ӯ ҷудо карда мешавад, истифода барад. Дар ҳолати монеагӣ ва фишороварӣ метавонед ба мақомотҳои дахлдор ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳоятон муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД