1xbet shapka
Маскав: Занозании хунин бо марги муҳоҷири тоҷик анҷом ёфт
3302

Занозании навбатӣ бо иштироки муҳоҷирон, ки дар Маскав ба вуқуъ пайваст, ба магри як муҳоҷири тоҷик ва захми шудани чанд тани дигар анҷом ёфтааст.
Тавре расонаҳои Русия хабар доданд, дар кӯчаи Люблинская, назди як тарабхонаи тезтайёр чанд шаҳрванди хориҷӣ бо истифода аз силоҳи сард муноқиша карданд, ки дар натиҷа шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Инъомҷон Куганов аз китфу пушташ бо корд ахмӣ шуда, ба беморхона интиқол дода мешавад.


Дар ин муноқиша бародари калонии Инъомҷон Куганов, Бобомурод Куганов ҳам иштирок дошт ва ӯ кушта шуд. Кормандони пулис то ҳол ҷинояткоронро пайдо накардаанд.
Баъд аз занозаниҳои пай дар пайи гурӯҳӣ дар тобистони имсол мақомоти Русия ҳушдор дод, ки муҳоҷироне, ки тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунад ва ҳамчунин дар муноқишаҳои гурӯҳӣ иштирок мекунад, аз ин кишвар ихроҷ хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
1xbet footer