Марҷона зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Ин нозанин 3 сол қабл бо як ҷаҳон орзуву ҳавас ба шавҳар баромада, баъди тӯй ба ноҳияи Ҳамадонӣ рафт. Оилаи ҷавон дар оғоз зоҳиран зиндагии хушбахтона доштанд ва дере нагузашта, соҳиби 2 фарзанд шуданд, аммо...
Дар арафаи Иди Рамазон шавҳараш ӯро барои гузаронидани ид ба хонаи волидонаш бурд. Марҷона ба хонаи падараш рафту рафтору кирдораш тағйир ёфт. Шавҳараш мехост, ки Марҷона бо сатр гардад, вале падараш ба ин иҷозат надод. Ҳамин тавр, сатр сабаби баҳси падарарӯсу домод ва парокандашавии ин оилаи ҷавон гашт.
Яке аз наздикони ин хонавода бо ирсоли як суҳбати садоӣ ба идораи сомонаи "Оила" иттилоъ дод, ки падар намехоҳад духтараш сатр пӯшад ва талқин мекунад, ки ӯ бо либоси аврупоӣ гардад, вале домодаш қатъан муқобил буда, аз ҳамсараш талаби пӯшидани сатр мекунад. Сари ҳамин масъала байни домод ва падарарӯсу баҳсу мунозира сар зада, падари Марҷона аз домодаш талаб кардааст, ки талоқи духтарашро диҳад.
“Ман ӯро мехононам. Сатраш лозим нест”, - гуфт падар дар суҳбати телефонӣ.
Домод “марҳаммат ба суд диҳед, то моро ҷудо кунанд”, - гуфта, баҳсро қатъ мекунад. Равшан нест, ки ин баҳс бо чӣ анҷом ёфт ва тақдири минбаъдаи Марҷонаю фарзандонаш чӣ шуд.
Ба зикри равоншиносон, яке аз сабабҳои асосии парокандашавии оилаҳои ҷавон, ки солҳои охир теъдодашон афзудааст, дахолати нафарони сеюм, аз ҷумла падаршӯю модаршӯ, хоҳаршӯю додаршӯ ба зиндагии навхонадорон мебошад. Дар бештари маврид дахолати ноҷо ва талаби нодурусти аъзои хонавода ҷуфтҳои ҷавонро аз ҳам ҷудо ва фарзандони онҳоро зидаятим мегардонад.
Аз идора: Мушаххасоти духтар ва сабти баҳси домоду падарарӯс дар идораи сомона мавҷуд буда, бо хоҳиши манбаъ, номи қаҳрамон иваз шудааст. Акс бо далоили ахлоқӣ баргирифта аз интернет аст, зеро акси аслии қаҳрамонро нашр накардем.