Модар ту ягона меҳрубонӣ, баракат ба хонадонӣ, моҳтоби равшангару чун офтоб гармбахшам, модар нури хонадонӣ. Ба хости Худо чашм ба олами ҳастӣ кушоем, киро мебинем?
Модарро! Ашк мерезонем, киро мебинем? Модарро! Бемор мешавем, хандон мешавем, бузург мешавем, киро мебинем? Модарро! Дуое, ки ҳамеша барои мо фаровон аст, дасти дуои модар аст. Дар хурдӣ дастамонро мегирад, то ки мо роҳрав шавем, хӯрок медиҳад, мо гурусна намонем.
Модар маънои зиндагиам ҳастӣ! Наметавонам дард кашиданатро бубинам, ҳар оҳе, ки дар хобат аз гулӯят мебарояд, маро месӯзонад, зиндагиамро тира месозад, ашк гулӯгирам мекунад. Вақте мепурсам, ҳолат хуб аст? Мегӯӣ бале хубам, аммо ҳис мекунам, ки аҳволат хуб нест, чунки ман ҳам модарам, модарон дардашонро аз фарзандон пинҳон мекунанд.
Дар хурдиам туро азият додам, ашкатро резонидам, мӯйҳои чун шаб сиёҳатро сафед кардам, қомататро хам кардам, дастонатро ларзон кардам, садоятро хаста кардам, ба рӯят ожанг пайдо шуд, бо ин ҳама ғамҳои додаам боз оғӯшат кушода аст, бароям меҳрат кам нашуд модар, маро бубахш модар! Лаҳзае, ки ашки чашмони модарро мерезонем, умри пурқимати ӯ кам мешавад.
Тӯли 5 соле, ки туро аз шодӣ маҳрум кардам, хандаатро гирифтам, ашкатро резонидам, бехоб гардонидам, маро бубахш модар! Чун ба по хестам, туро бемор дидам, озурдаҳол дидам, ба ҳама ранҷҳои пушти саркардаат худамро сарзаниш мекунам. Маро бубахш, модар! Чун агар шикасти ман намебуд, ин қадар қоматат хам намегашт. Азизон қадри ин ганҷи бебаҳоро бидонед, зеро ҳама дарҳо баста шаванд, дари хонаи падару модар баста намешавад, меҳри модар кам намешавад.
Фарзонаи Аскаршоҳ,
Аълочии маориф, омӯзгори кафедраи
“энергетика ва нақлиёти автомобилӣ”,
коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе.