Arzon march 2024
Мармалоди лимӯгин
17.05.2025
Oila.tj
217

Маҳсулоти лозима:

130 мл об +70 мл барои желатин, 400 грамм шакар, 2,5 қошуқ желатин, 180 мл шарбати лимӯ, 25 грамм шакар барои ороиш.

Тарзи таҳия:

Ба қолаби тортпазӣ равғани маска молида, дар зарфе шакару обро андохта то қандоб шуданаш ҷӯшонед. Желатинро дар зарфе бо оби хунук тар карда, 5-10 дақиқа нигоҳ дореду баъдан зарфи желатиндорро дар бӯғоб гузошта, то ҳал шудани желатин кофта истед ва баъдан ба қандоб илова кунед. Зарфро аз рӯи оташ гирифта, ба он шарбати лимӯ илова кунеду боз лат занед. Маҳлули омодашударо ба қолаб рехта, дар яхдон чанд соат нигоҳ дореду мармалодро чоркунҷа реза кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД