Бо мақсади азнавкунии низоми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №114 аз 5-уми марти соли 2008 Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” таъсис дода шуд, ки тибқи оиннома фаъолияти он ба ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар равона гардидааст.
Бо назардошти нақшу аҳамияти баланд доштани ин имтиҳонҳо дар соҳаи илму маориф бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми феврали соли 2014, таҳти рақами №138 дар заминаи ин муассиса Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Фаъолияти марказ тибқи Оинномааш чунин мақсадгузорӣ шудааст: таъмини арзёбии объективӣ, шаффоф ва одилонаи дониши довталабон, баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёнаю олии касбӣ; таҳияи барномаҳои имтиҳони фанҳо; таҳияи саволномаҳои тестӣ ва озмоиши он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; бақайдгирии довталабон ва гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ; тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ғайраҳо.
Доир ба фаъолияти Маркази миллии тестӣ вақтҳои охир сару садоҳои зиёде дар саҳифаи нашрияҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад. Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбуки худ ба унвони директори ин мактуби кушод навишта, чанд пешниҳодашро дар он зикр кардааст. “Кушода шудани Маркази миллии довталаб яке аз ормонҳои миллии мардуми тоҷик буд, ки амалӣ гашт. Қабули 5 соли ахири довталабон нишон дод, ки воқеан донишҷӯёни беҳтарин ба таври шаффоф ба макотиби олии кишвар дохил мешаванд. Дар назди Президенти Ҷумҳурӣ будани он боз ҳам шаффоияту эътимоднок будани ин ниҳодро комил гардонид”, - навиштааст ин донишманди тоҷик дар муқаддимаи мактубаш.
Дар идомаи номаи худ декани факултет навиштааст, ки “дар ин росто ба хотири пешрафти марказ ва самаранок будани қабули довталабон чанд пешниҳоди худро дар арафаи қабули Довталаб - 2020 карданием”:
1. Барои миллии тоҷикӣ будани ин ниҳод пешниҳод мекунем, ки номи Маркази миллии тестӣ ба Маркази миллии довталаб иваз карда шавад.
2. Албатта дар мувофиқа бо Кумитаи забон ва истилоҳот номҳои тест (саволнома), кабинети инфиродӣ (ҳуҷраи инфиродӣ), кластер (ихтисосгуна),компонент (бахш) ба тоҷикӣ баргардонида шаванд.
3. Дар ихтисоси журналистика дар қабули соли 2019 тавозуни ҷинсият ба назар гирифта нашудааст. Масалан дар шуъбаи фосилавии ихтисоси журналистика 100 фоиз духтарҳо қабул шудаанд, ки ин дар низоми таълим ва тарбияи гурӯҳӣ халал эҷод мекунад. Ҳамчунин, таҷриба исбот кардааст, ки дар ин ихтисос занону мардон бояд баробар бошанд.
Бояд гуфт, ки бардоштани дастгоҳҳои сабтӣ, рафтан ба кори саҳро, ҳолатҳои фаврӣ дар шароитҳои гуногуни фавқулода (шароити ҷангӣ, селу обхезиву туфон ва шабҳангом) асосан кори мардона аст. Аз ин рӯ аз Шумо хоҳиш менамоем, ки ҳангоми қабули довталабон таносуби духтарон ва писарон 50 ба 50 ё ақаллан 60 ба 40 ба инобат гирифта шавад.
Барои ин дар ин ихтисос, пеш аз супоридани имтиҳони асосӣ Санҷиши маҳорату малака, завқи журналистӣ, ки дар ин росто ба назар гирифтани тавозуни ҷинсият имкон дорад, ба инобат гирифта шавад.
Аз ин рӯ ҳангоми қабули довталаб дар ихтисосҳои журналистика мисли ихтисосҳои санъату фарҳанг санҷиши маҳорату малака, чун имтиҳони рӯбарӯ ё суҳбат зарур аст!
Бо эҳтиром Саъдӣ Маҳдӣ”
То ҳанӯз аз ҷониби Маркази миллии тестӣ ба мактуби Саъдӣ Маҳдӣ ҷавоби расмӣ дода нашудааст. Мо ҳам интизорем, ки пешниҳодҳои декани факултет дар амал татбиқ мешаванду Марказ дар оянда баҳри тарбияи кадрҳои хуби соҳаи журналистика нақши арзанда мегузорад.
P. S: Баъди ҷавоби расмӣ додани Маркази миллии тестӣ ҳатман онро низ пешниҳодатон мегардонем.