Sebiston new 2024 october
МАРГИ ЯК ЗАНУ ДУ МАРД ДАР РОҲ
15.09.2020
Р. Азимӣ
4978

 

Худкушӣ, худсӯзӣ, ғарқ шудан дар дарё, садамаи автомобилӣ-рӯзе нест, ки чунин як ҳодисаи нохуш дар кишварамон ба вуқуъ пайваста, боиси талафоти ҷонӣ нагардад.

Миёни ин ҳама ҳаводис садамаҳои нақлиётӣ зиёновартарин ба шумор мераванд, зеро хатои як ронанда метавонад ҷони чанд инсони бегуноҳро рабояд. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи хунинест, ки дар шоҳроҳи Норак-Данғара ба вуқуъ пайвастааст.

Дирӯз, тахминан соатҳои 15. 30 дақиқаи рӯз ҳангоми ҳаракат аз самти Данғара ба Норак автомашинаи тамғаи Опел бо суръати баланд ба мошини Мерседес-бенс бархӯрд. Дар натиҷаи ин садамаи қисматсӯз замин дар як мижа задан аз хуни одамӣ лолагун гашта, ду мусофири опел ва як мусофири Марседес дар ҷойи ҳодиса ҷон супурдаанд. Шоҳидони ҳодиса кӯшиш ба харҷ додаанд, ки мусофиронро наҷот диҳанд, аммо талошҳои эшон суде надоданд. Ҳанӯз то бемористон нарасида, се мусофир бо дили пурормон ҷон ба ҷонситон супурданд. Хатои ронандагон се хонаро мотамсарой ва се оиларо бадбахту сияҳрӯз кард.

Мо аз тамоми шахсоне, ки паси чамбараки мошин менишинанд, эҳтиромона хооҳиш мекунем, ки эҳтиёткор бошанд. Ҳаргиз фаромӯш накунед, ки ҳаёти дигарон дар дасти шумост. Баланд кардани суръати ҳаракати мошин дар як лаҳза метавонад ҳам ҳаёти чанд одами бегуноҳ ва ҳам зиндагии худи шуморо барбод диҳад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД