Sebiston new 2024 october
Марги пурасрори табиб
17.01.2022
Mahina
3233
no-img


Одил Давлатов, табиби эҳёгари Шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент рӯзе қабл дар ҷойи кораш ба таври пурасрор аз олам даргузашт.
Хабари марги ногаҳонии ин марди донишманд ва дарёдилро, ки як умр барои наҷот додани дигарон аз панҷаи дард ва марг талош мекард, ҳамкоронаш дар сӯҳбат бо хабарнигорони Sputnik тасдиқ карда, аз марҳум ба некӣ ёд кардаанд.
Одил Давлатов ҳамагӣ 54 -сол дошта, аз соли 1993 дар шӯъбаи эҳёгарии шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент адои вазифа менамуд. Ба қавли ҳампешагонаш Давлатов рӯзи 15-январ навбатдор будааст ва бегоҳӣ дучори дарди сар шуда, бо ҳамин ҷон ба ҷонофарин месупорад.
Сартабиби шифохона Раъно Абдуллоева аз Одил Давлатов ҳамчун табиби хеле донишманд ва масъулиятшинос ёд карда, гуфтааст, аксари беморони вазнини шуъбаи эҳё зери муроқибати ӯ қарор доштанд ва ин марди некдил тамоми кори аз дасташ меомадаро барои наҷоти маризон анҷом медоду то нафасҳои охиринаш ҳамеша дар пайи некӣ кардан ба мардум буд.
Даргузашти Одил Давлатов натанҳо барои шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент, балки барои тамоми соҳаи тибби Вилояти Суғд талафоти ҷуброннопазир мебошад.
Одил Давлатов соли 1968 дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент ба дунё омада, баъди хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз соли 1993 дар шуъбаи эҳёи Шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент кор мекард. Соли 2021 Давлатов бо гирифтани унвони Аълочии тандурстии Тоҷикистон шарафёб гардида буд.
Ҷанозаи ин марди накӯном дирӯз дар зодгоҳаш баргузор шуда, ҷасади Одил Давлатов дар қабристони ҷамоати Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД