Sebiston new 2024 october
МАРГИ МОДАР ДАР РӮЗИ КЕЛИНТАЛБОНИ ДУХТАР
8314

Арӯси сиёҳбахт

Мо се духтару як писар ва мани сарсахт фарзанди кенҷагии хона будам. Дар сесолагиам холаам Олима маро ба писараш гаҳворабахш кардааст. Модарам умед дошт, ки бо апаш қудо шуда, қади арӯсию домодии фарзандонашро мебинаду ормон мешиканад, вале тақдири шум хеле барвақт ба решаи тахли умраш табар зад.

Чашми бад

Апаи калониам Зарринаро ба Ҳабиб ном ҷавони зебое ба шавҳар додем. Тӯяшон чунон зебою бодабдаба гузашт, ки даҳони тамоми ҳақку ҳамсояҳо воз монд. Дар тӯй якбора чанд ҳофизи номдор иштирок карда, базми осмонкафе оростанд. Арӯсу домод дар тахти шоҳӣ нишаста, шоҳзодаю шоҳбонуи ҳақиқиро мемонданд. Ҳама меҳмонон таърифи ҳусну ҷамоли апаамро мекарданд ва ба модаре, ки чунин паривашро ба дунё овардааст, офарин мехонданд, вале…

Духтарталош

Апаи дуюмам Парвина аз Зарина ҳам зеботар ва қошу чашмони сиёҳаш дили аксари ҷавонони деҳаро тасхир намуда буд. Дар тӯйи Заррина духтари ҳамсояамон, муаллими Собир-Нилуфар Парвинаро маҷбуран ба рақс кашид. Баробари ба саҳна баромадани апаам ҷавонони зиёде дар гирдаш парвона шуданд. Парвина бо ягон нафарашон рақсидан нахоста, пушташро ба бачаҳо гардонда, ҳамроҳи Нилуфар мерақсид, вале онҳо мисли паша хирагӣ карда, худашонро пеши пояш партофта мерақсиданд. Бародари Нилуфар аз афташ Парвинаи моро дӯст медоштааст, ки бо чанд ҷавони дар гирди апаам парвона гашта даст ба гиребон шуд. «Сағераи почаканда, чӣ ин қадар худатро медарронӣ, хоҳӣ-нахоҳӣ Парвина азони ман мешавад», дод мезад писари усто Камол-Аюб.

«Онаи зоратро нишон медиҳам! Дар хобат мебинӣ, ки Парвина азони ту шудааст!»- аррос мезад, бародари Нилуфар-Рашод. Ҳамин тавр байни бачаҳо барои Парвина моҷаро бархост ва онҳо ҳамдигарро чунон латукӯб карданд, ки сару даҳонашон ғарқоби хун гашт.

Тӯй вайрон шуд ва қудоҳо бо табъи гирифта, арӯсу домодро ба мошин шинонда, роҳи хонаашонро пеш гирифтанд.

Фоли бад

Барои Парвина даст ба гиребон шудани бачаҳо ва вайрон шудани тӯйи фарзанди нахустинаш табъи модарам чунон хира намуд, ки фишори хунаш баланд гашт. Тарафи домод баъди аз тарабхона ба хонаи худашон бурдани арӯс бисёр зорӣ намуданд, ки шаб меҳмон шавем, вале чизеро ҳис кардагӣ барин, модарам сар ҷумбонда гуфтанд:

-Қудоҷон, хафа нашавед, лекин шаб дар хонаатон намеистад. Амаю холаҳои арӯс имшаб ҳамроҳаш монанд, ман пагоҳ саҳар ягон ширинӣ гирифта, духтарамро диданӣ меоям.

Қудоҳо ночор ману модарамро ба хонаи худамон гусел карданд.

Васияти охирин

Ҳамон шаб модарам ба падарам нақл кард, ки дар тӯйхона бачаҳо барои Парвина даст ба гиребон шуданд ва боз чанд занаки шиносу ношинос духтари дуюматонро келин мекунем гуфта, ба ҷону ҳолаш намондаанд. Апаам Парвина нав дар синфи нуҳум мехонд, аз ин рӯ, падарам даст афшонда гуфт:

-Занакҷон, аҳамият надеҳ, бигзор лақидан гиранд. Духтари мо ҳоло кӯдак аст, шавҳарро чӣ кор мекунад?! Бигзор дар сояи давлати падару модараш роҳат карда гардад!

Чеҳраи модарам маҳзунтар гашт ва дасти падарамро дошта, зорӣ кард:

-Мардакҷон, мабодо дидани тӯйи Парвина ба ман насиб нагардад, духтаракамро бадбахт шудан намон!

Падарам ин гапро шунида як қад париду модарамро коҳиш намуд:

-Ҳамин гапҳои хунука нагӯй, занак! Ту ҳоло ҷавонӣ, натанҳо Парвина, балки ҳамаи фарзандонатро хонадор мекунию дар тӯяшон чуноне ки дар базми арӯсии Зарина рақсидӣ мерақсӣ!

-Ба ҳар ҳол ваъда деҳ, ки духтаракои ширинамона хор шудан намемонӣ,-якравӣ кард модарам.

-Майлаш-майлаш, ваъда медиҳам, лекин ту барои мурдан шитоб накун, очаш, чунки ман қудрати мурдагӯронӣ надорам. Барои гузаронидани тӯйи Зарринаҷон ба қарз ғутидем, мон, ки ақалан пули мардумро баргардонам,-бехабар аз амри сарнавишт шӯхӣ кард падарам.

Хоби даҳшатнок

Ҳамон шаб хоби даҳшатноке дидам. Дар хобам ду марди ришдори либосҳояшон сап- сафед модарамро кашолакунон ба куҷое мебурданд. Гиряву зорӣ намуда, «модарамро набаред»-гӯён, аз пасашон медавидам, вале онҳо ба ман эътибор намедоданд. Ниҳоят нафасгир шуда, ба онҳо расида гирифтам ва аз пойи модарам дошта зорӣ кардам: «Очаҷон, тезтар гурез! Маро партофта ҳамроҳи ин бобоякҳо ба куҷо меравӣ?! Модарам як бор рӯяшро тарафам гардонд ва «паноҳат ба Худо, бачаҷон! Ба ман начасп, ки туро ҳам мебаранд! Зудтар аз ин ҷо рав! Рав, рав» гӯён, маро теле дода аз худаш дур кард. Пойи модарам аз дастам раҳо шуд ва дидам, ки бобоякҳо ӯро кашолакунон ба ғор дароварданд. Фиғони ҷонкоҳе кашида бедор шудам. Дилам аз тарс гуп-гуп мезад ва мисли кабки қафас худро ба панҷараи сина зада, аз сандуқи дилам баромадан мехост. Нафас дар гулӯям печида, дар обу арақ ғутида будам.

Мурдаи яхкарда

Рӯз аллакай равшан шуда буд. Паҳлӯ гаштам. Модарам ҳанӯз дар ҷогаҳ мехобид. Ҳайрон шудам, ки чаро то ҳол хоб бошад, чунки одатан вай хеле барвақ мехест ва гов ҷӯшида бароямон ширбиринҷ мепӯхт. Аз дил гузаронидам, ки шояд монда шуда, дар хоб мондааст ва хам шуда дар бехи гӯшаш пичирос задам:

-Очаҷон, хезед, аллакай рӯз шуд, хонаи апаи Зарринаам рафтан даркор. Шаб худатон гуфтед-ку, саҳарӣ ширинӣ гирифта мебиёям.

Модарам ҷавоб надод. Ҳайрон шудам, ки ба вай чӣ шуда бошад. Китфашро такон додам, наҷумбид. Ҳайрон шуда аз дасташ кашидам. Дасти модарам ях барин хунук буд. Гумон кардам, ки очаҷонам хунук хӯрдааст, кӯрпаро аз болои сандуқ гирифта ба рӯяш партофтанӣ шудам. Вақти кӯрпаро партофтан тасодуфан бо поям дасти акаам Зафарро зер кардам, тарсида аз хоб хест ва як шапотӣ ба бари рӯям зад. Гиря карда бо тамоми овоз дод задам: «Очаҷон, бачаатонро бинед, маро мезанад!» Одатан модарам тарафи маро гирифта, акаамро сарзаниш мекард, вале ин дафъа на ҷавоб дод ва на мижжа зад. Даҳонаш кушода мехобид.

-Апаи Парвина, хез, модарам бемор шудагӣ барин, хонаро рӯфта тоза кун, мабодо ягон меҳмон набиёяд,-овоз баровард Зафар овоз набаровардани модарамро дида.

Парвина чашмонашро молида-молида хесту назди очаам омада пурсид:

-Оча, ширбиринҷ пазам ё ширҷой?

Модарам ҷавоб надод. Апаам ба ташвиш афтода боз пурсид:

-Оча, ягон ҷоятон дард мекунад?

Ин дафъа ҳам модарам сукути сангинро нашикаст.

-Зафар, барои чӣ очам ҷавоб намедиҳад?! Тез рафта падарамро ҷеғ зан,-хавотиромез дод зад Парвина,-аз афташ ба модарам чизе шудааст.

Зафар тозон ба ошёни дуюм баромада, падарамро гирифта овард. Падарам аввал даст ба қафаси синаи модарам бурд, баъд банди дасташро дошту даст ба рӯй кашида омин кард ва ба Парвина гуфт:

-Манаҳбанд биёр, модарат аллакай ҷон ба ҷонофарин супурдааст!

Бо шунидани ин гапи хунук фиғони ҳамаамон ба фалак печид. Рӯю мӯямонро канда мегуфтем: «Дурӯғ! Дурӯғ мегӯед, дада! Очаҷонамон шаб сип-сиҳат буд, чӣ хел дар як дам мемурад! Хезед очаҷон, илтимос, хезед!» Падарам оби дидаашро поккунон сари ҳар сеи моро ба оғӯш гирифта, такрор кард:

-Фарзандони бетақдирам, модаратон дар ҳақиқат мурдааст, равед ҳамсояҳоро фарёд кунед!

Ашк рухсораҳои падарамро мешӯст, вале мо ҳанӯз бовар кардан намехостем, ки очаҷонамон мурдааст.

Парвина гирёну нолон рӯймоли сафеди дар сари тор овезони модарамро ба сараш партофта, ба хонаи ҳамсоя рафту Зафарро падарам ба хонаи апаи Заринаам фиристод, мани ҳафтсола мисли заргушаки дар таги борон монда дарақ-дарақ меларзидаму дарунакӣ гиря мекардам.

Арӯси сиёҳпӯш

Ҳамсояҳо дар як дам ҷамъ шуда манаҳи модарҷонамро бастанд ва чанд қабат кӯрпачаи навро партофта, барояш тахти охират оростанд. Падарам доду фиғон намуда, нола мекард ва «ҳамсари ҷавонмаргам, чӯҷаҳоятро партофта куҷо рафтӣ?!»-гӯён, сарашро ба дару девор мезад. Апаам Зарринаи наварӯс, ки мебоист маросими келинбинонашро мегузронидем, ба сараш чодари сиёҳ кашида, ҳамроҳи шавҳар ва хусуру хушдоманаш расида омаду худашро рӯйи ҷисми беҷони модарам партофта нола кард: «Очаҷон, чӣ дард доштӣ, моро партофта рафтӣ?!» Бемор будаӣ, чаро як бор нагуфтӣ, ки дардмандам. Медонистам, ки маро чунин номурод мекунӣ, асло шавҳар намекардам! Хез очаҷон, кӯдаконатро ба кӣ монда меравӣ?! Мани арӯси сиёҳпӯшро ин қадар насӯзон, хез очаҷон, хез…»

Нолаҳои зори Зарринаи арӯсаки якрӯза дили сангро ҳам об мекард ва хурду калон баробараш менолиданд. Гоҳе Заррина аз ҳуш мерафту гоҳи дигар Парвина, Зафар бошад, асои бобоямро гирифта, дар паси дарвоза «очаҷон, моро ба кӣ партофта рафтӣ?!»-гӯён, менолиду сарашро ба дару девор мезад. Танҳо мани хурдакак забони гуфтор надоштам, то нолаи модарамро кунам. Аз сӯзиши дил банди ҷигарам сӯзад ҳам, чи гуфтанамро надониста бе овоз мегиристам. Хешу табор ва ҳақку ҳамсояҳо гиребони тавба медоштанд, ки чаро занаки сип-сиҳати дирӯз рақсон якбора, бе ягон дарду иллат ва гапу ҳарф аз дунё гузаштааст. Қиёмат он рӯз дар ҳавлии мо гӯё қоим шуда буд.

Мурдаи модарамро шустанд, кафанпеч намуданд ва рӯйи тобут гузоштанд. Вақте ки мардҳо тобути модарамро сари китф бардоштанӣ шуданд, қулфи забони ман кушода шуд ва пеши роҳашонро гирифта, бо тамоми овоз фарёд задам:

-Модарамро куҷо мебаред?! Худозадаҳо, маро сағера накунед! Очаҷонамро набаред! Набаред! Очаҷонамро набаред!!!

Холаам бо чашмони гирён аз миёнам дошта, маро зӯран ба оғӯш гирифта, кашолакунон берун баровард ва мардҳо тобутро бардошта, ҷониби гӯристон равон шуданд. Дасти холаамро газида хуншор кардам. Сахт дард ёфта, маро сар дод. Давида ба кӯча баромадам ва ҷонҳавл аз паси тобут сӯйи қабристон тохтам, вале модарамро аз сафари охираташ бар гардонида натавонистам.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД