Ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонуни наверо пешниҳод намудаанд, ки мувофиқи он шаҳрвандони хориҷие, ки аллакай шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардаанд, дар сурати саркашӣ кардан аз гузоштан ба қайди ҳарбӣ ва хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда мешаванд.
Муаллифи лоиҳаи қонуни нав раиси Кумитаи мудофиа Андрей Картаполов буда, пешниҳод намудааст, ки шахсони бе сабабҳои узнок аз гузоштан дар қайди ҳарбӣ ва хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия саркашӣ мекарда аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд.
Қарор дар ин бора аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ қабул карда шуда, масъалаи маҳрум намудан аз шаҳрвандиро Вазорати корҳои дохилии Русия ҳал мекунад.
Ёдрас мешавем, ки аз соли 2024 тамоми шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехоҳанд шаҳрвандии Русияро бигиранд, уҳдадор гаштанд, ки баробари гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Русия худро дар қайди ҳарбӣ гузоранд.