Formula september
Марги модар дар хоб чӣ таъбир дорад?
2602

Хоб дидам, ки модарам вафот кардааст. Ростӣ баъди дидани ин хоби дарднок худро хеле бад ҳис мекунам. Дар сарам фикру андешаҳои мағшуш давр мезананд. Метарсам, ки бо модари азизам ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳад. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

Иззатмо, сокини н. Шаҳринав

Фикру андешаҳои ногуворро аз сари худ дур созед, хоби дидаи шумо ягон таъбири бад надорад. Дар хобномаҳо омадааст, ки марги модар дар хоб фоли нек аст.

Кас хоб бинад, ки модараш, ки дар асл зинда аст, аз олам даргузаштааст ва ӯ бо қалби хуншор дар мотами модари меҳрубонаш гиряву нола карда истодааст, дар асл модараш умри дарози пурбаракат мебинад. Агар модари шумо айни замон бемор бошад, ба зудӣ шифо меёбад.

Дар баъзе хобнома омадааст, ки агар духтар марги модарро хоб бинад, ин як навъ огоҳӣ аст, ки модараш ба кӯмаку ғамхории ӯ ниёз дорад ва бояд нисбати модар бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд.

Ба таъбири дигар марги модар дар хоб ишорат бар он мекунад, ки шахси хобдида аллакай инсони баркамол шудааст ва набояд дигар мисли кӯдаке, ки як умр аз домони модараш медорад, ба дигарон умед бандад.

Шахси хобдидаро лозим аст, ки мустақилона барои расидан ба орзуҳояш талош варзида, бештар заҳмат бикашад, то ки нақшаҳояшро амалӣ намуда, барои худ ва аҳли оилааш як зиндагии серу пур ва бароҳат бисозад.

Марги модар дар хоби зани бешавҳар пайки нек буда, аз вохӯрӣ бо марди ғамхор ва меҳрубоне дарак медиҳад, ки бо ин зан оила бунёд намуда, як умр ба мисли модараш ӯро пуштибонӣ ва ҳимоят хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД