Arzon march 2024
МАРГИ МАН ЧИСТ? ШЕЪРҲОИ НИМСУРУДА, БӮСАҲОИ НОРАБУДА, КИШТҲОИ НОДУРУДА...
2730

Имрӯз марги шоир, тарҷумон ва донишманди забардасти тоҷик, Алишери Муҳаммадӣ ҳамаро андӯҳгин намуд.
Ӯ ҳамагӣ 43 сол дошт. Бинобар гуфтаи наздикону ҳамкорони маҳрум ӯ бар асари бемории қалб даргузашт.

Мавсуф 22 июли 1977 дар ноҳияи Ғарм, ҶШС Тоҷикистон таваллуд шуда, 16 ноябри 2020 дар ноҳияи Рӯдакӣ, Тоҷикистондаргузашт. Алишер Муҳаммадӣ шоир ва донишманди тоҷик, номзади илмҳои фалсафа, узви ИЖ Тоҷикистон (аз соли 2007) ва Иттифоки нависандагони Тоҷикистон (аз соли 2005), хатмкардаи факултети филологияи тоҷики ДМТ (1999), омӯзгори мактаби миёнаи № 1, директори мактаби миёнаи № 52 (1997—2001), мушовири шӯъбаи маориф (2001—2002), мудири шӯъбаи фарҳанг ва иҷтимоиёт (2002—2005), омӯзгори Маркази омӯзиши таълими модулӣ дар ноҳияи Рашт (2005—2009), сармутахассиси корхонаи воҳиди давлатии маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» (2005—2009) буд.
Аз соли 2010 директори корхонаи воҳиди давлатии «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Осори манзумаш дар маҷмӯаҳои «Никоҳи аҷуза» (2003), «Ранги ҳавасҳо» (2005), «Сафинаи зиё» (2010) фароҳам омада, мавзӯъҳои ишқ, васфи табиати кӯҳсор ва инсондӯстиро дар бар мегиранд.
“Алишери Муҳаммадӣ, шояд ӯро кам касон бишиносанд. Зеро тавре чанд рӯз муқаддам навиштам, мо шахсиятҳоро на мешиносему на қадр мекунем. Ӯ шахсият буд. Донишманд буд. Ҳайсияте дошт, ки як инсони мутафаккир ва донишманд бояд дошта бошад. Хоксортарин инсоне буд, ки мӯреро намеозурд. Вале меозурдандаш. Зиёд. Баҳудаву беҳуда. Таҳ мехӯрд, мешикаст, аммо намерехт. Ҳайсияташро нигаҳ медошт. Мағрур набуд, аммо ғурури тоҷиконаи олимона дошт” бо сад дарду ғусса шарҳ медиҳад Ҳуринисо Ализода.
Инчунин, рӯзноманигор қайд менамояд, ки Алишер аз дори дунё бо ҳасрат рафт. Китоби охирини барои таҳрир гирифтааш аз Китобхонаи миллӣ нотамом монд. Шояд чандин кори энсиклопедияш ҳам нотамом бошад. Аммо дилаш бардошт накард. Таркид он диле, ки ҳамаи дардро мекашид, ба ҷуз дарди худаш, ки боре пайи дармонаш нашуда...
Як шеъри Алишер Муҳаммадӣ бо унвони “Марги ман чист?” аз ҷониби Ҳуриниссо дар саҳифаи Facebook наш шудааст:
Марги ман чист?
Марги ман чист?
Чанд рўзе гиряхои носавоби модарам,
Хандахову шўхихову тираакси ман ба хоби хохарам,
Лахзае чанд ашки шўру хасрату андўхи талх
Бар чабини нуќратоби хамсарам,
Баъди чанде боз хушхолию хушгўйи – фаромўшии ман.
Марги ман чист?
Норасида бар замин афтодани себ аз дарахт,
Номахал бар тифдлаконам бевафоихои бахт,
Даври хона – ёру душман,
Байни хона – мову рахт,
Баъд аз ин танхоию ман,
То замоне бистари холи канори хамсарам.
Марги ман чист?
Шеърхои нимсуруда,
Бўсахои норабуда,
Киштахои нодуруда,
Бар замин афтодани як ахтари нахс аз само,
Рох бурданхои марди хокие сўйи Худо.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД