Formula novemver 2024
МАРГИ КӮДАКИ 1-СОЛА ДАР САДАМА
5212


Ашк як лаҳза ба миҷгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.

Дар ҳақиқат “Одаму дам” гуфтани мақоли халқӣ беҳуда нест. Зиндагии инсон танҳо вобастаи як дам аст ва ҳар як нафаси мову шумо метавонад нафаси охиринамон гардад. Ҳодисаҳои хунине, ки дар рӯзи иди саиди фитр рӯй доданд, бори дигар ин нуктаро собит месозанд, ки ҳаёти инсон ба як қатраи ночизи ашк мемонад, ки дар сари миҷгон ларзон аст ва ҳар лаҳза метавонад фурӯ рехта, бо хок даромезад...

Дар рӯзи мубораке, ки тамоми мардуми тоҷик иди саиди фитрро ҷашн мегирифтанд
Дар рӯзи пурнишоте, ки хурду калон ханда бар лаб доштанд
Дар рӯзи саиде, ки тамоми мардуми мусалмон як соли дароз интизораш буданд...

Дар рӯзе, ки бояд танҳо бахту шодӣ меовард, се хонаи тоҷик мотамсарой гашта, садои гиряву нолаи ҷигарсӯз ба фалак печид.
Худё, се садама дар як рӯз!

Се садамаи тақдирсӯзе, ки ҷони одамони бегуноҳро рабуд.
Дар байни қубониён як тифлаки яксола низ буд!

Садамаи аввал рӯзи 13-май, тахминан соатҳои 16:30 рӯй дода, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико”, Зулфиев Абдуалӣ Раҷабович, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти мазкур аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Нексия”, таҳти идораи ронанда, Саъдуллозода Анис Саттор, соли таваллудаш 1966, сокини ҷамоати деҳоти Чуст бархӯрд. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико”, тифлаки яксола Зиёвиддинзода Ҳокимҷон Нуралӣ, соли таваллудаш 2020, сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Садамаи дуюми маргбор соати 20:00 ба вуқуъ пайваста, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Королла”, Муҳиддинов Сироҷ Хоҷамуродович, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати шаҳраки Сомониён бехатарии қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, духтараки 15-сола Раҳимаи Шералӣ, сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёнро пахш намуд. Ноболиғ Раҳимаи Шералӣ дар натиҷаи ин садамаи тақдирсӯз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садамаи сеюм тахминан соатҳои 20:30 ба амал омада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Шодиев Меҳроҷиддин Муллобоевич, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Панҷакент-Хуҷанд”, дар километри 69-ум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Солеҳов Солеҳ Саидович, соли таваллудаш 1966, сокини ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри мазкурро пахш намуд. Марди 55-сола дар натиҷаи ин садамаи хунин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД