Arzon march 2024
МАРГИ ФОҶИАВИИ ШИРИНМОҲ ВА ШАҲРОМ
6257

Ширинмоҳ зане буд ҳунарманд, меҳрубон ва беозору фариштахисол. Пайвадон, дӯстон, ҳамдаҳагон, хуллас, хурду калон ин олиҳаи меҳру муҳаббатро бо тамоми ҳастӣ дӯст медоштанд, чунки Ширинмоҳ ҷавонзани бисёр пуртамкин буда, ҳаргиз дили касеро озор намедод. Орзуву ҳавасҳои зиёде дар дил мепарварид ин зани поктиннат, вале ормонҳояшро бо худ ба зери хоки сард бурд. Як фоҷиа, як рӯйдоди хунин риштаи умри ин ҷавонзани тоҷикро, ки ҳамагӣ 37-сол дошт, бераҳмона барканда, дар дили хешу ақрабо ва пайвандону дӯстонаш доғи абадӣ ниҳод. Доғи хунине, ки ҳаргиз даво нахоҳад ёфт.

Ин ҳодиса субҳи 1-уми феврал, тахминан соатҳи 8.30 рӯй додааст. Ҳангоми ҳаракат кардан аз ноҳияи Мӯминобод ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди чамоати деҳоти Себистони Данғара ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Урфонов Ҷамшед аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаркат баромад ва ба мошини боркаши тамғаи “Мерседесс-Бенс” бархӯрд.

Дар натиҷаи ин садамаи хунин сокини ҷамоати деҳоти Деҳлолои ноҳияи Мӯминобод Урфонова Ширинмоҳи 37-сола дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурда, мусофири дигари ҳамин мошин Назарова Ҳуснияи 34-сола ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Боз як садамаи хунин дар ин рӯз дар шаҳри Хуҷанд рӯй дода, боиси канда шудани риштаи умри як ҷавони аз сад гул як гулаш нашкуфтаи тоҷик гашт. Тахминан соатҳи 5.30-и дақиқаи субҳи 1-феврал ронандаи автомашинаи тамғаи “Шкода-Октавия” Муродов Шаҳром аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набармада мошин ба девори муҳофизатии канори роҳ бархӯрд ва чаппагардон шуд. Шаҳром, ки ҳамагӣ 22-сол дошт, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонситон супурд.
Ронандагони азиз! Ҳангоми ҳаркат кардан дар роҳ эҳтиёткор бошед, зеро “эҳтиёт-ними ҳаёт” гуфтаанд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД