Arzon march 2024
МАРГИ ФОҶИАВИИ 4 КӮДАКИ ТОҶИК ДАР ЯК РӮЗ
5296

4 кӯдаки бегуноҳ
4 ғунчаи гул, ки ҳанӯз нашкуфта буданд
4 булбулаке, ки дар чаман шодона чаҳ-чаҳ мезаданд дар як шабонарӯз, ҳамагӣ дар бадали 24 -соат ба коми нестӣ рафтанд...

Ин фоҷиаи талх қомати падаронро шикаст
Модаронро синачоку дидагирён намуд
Садои нолаи ҷонсӯз аз чаҳор хона ба фалак мепечад...

Ва гунаҳкори ин ҳама мусибату бадбахтӣ мошин, аниқтараш муносибати сабуксаронаи иддае аз ронандагон бо аспи оҳанин аст...

Фоҷиаи аввал дар шаҳри Душанбе рӯй дода, ронандаи 32-солаи “Мерседес-Бенс” писарбачаи 7-солаеро пахш намуд. Кӯдаки дар хуни худ ғарқро дарҳол ба бемористон бурданд,аммо табибон натавонистанд ин ҷони писараки нозанинро аз панҷаи марг раҳоӣ бубахшанд. Кӯдаки маъсум дар бемористон ҷон дода, фиғони сӯзони пайвандонаш синаи осмонро дарид, аммо...
Фоҷиаи дуюм аз аввалӣ ҳам талхтар аст. Дар шаҳри Ваҳдат як бачаи ноболиғи 13-сола сари чамбарак нишаста, ҷиянчаи хурдакакашро, ки ҳамагӣ 2 сол дошт, пахш кард. Тифли бегуноҳ дар зери чархи мошини “Тойота-Фелдер” ҷон ба ҷонофарин супурд.
Фоҷиаи сеюм дар Хатлон сар зада, ронандаи 33-солаи мошини “Опел-Астра” кӯдаки 6-соларо пехш карда кушт.
Фоҷиаи охир дар шаҳри Истаравшан ба вуқуъ пайваста кӯдаки 5-сола дар зери чархи мошини бобояш ҷон бохт.

Модарони фарзандгумкарда илиҷо мекунанд: Ронандаҳо, фоҷиаи ба сари мо омада кофист! Илтимос, минбаъд вақте сари чамбари мошин мешинед, эҳтиёт бошед, то боз чанд хонаро мотамсою чанд модари дигарро дар ғами фарзанд сияҳпӯш нагардонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД