sebiston july new
Марги Фарҳод шавқи зиндагиро дар дилам кушт
04.03.2024
ОИЛА
2212

Саломи худро ба кулли хонандагони “Оила” мерасонам.

Бо ҷавоне аҳду паймони ошиқӣ доштем. Баъди чанде дӯстдоштаам гуфт, ки маро дигар дидан намехоҳад, чунки падару модараш розӣ нестанду аз шаҳр духтари шаҳриро келин карда мебаранд.

Сахт ба ғазаб омада, ӯро ҳақорат кардаму аз наздаш дур шудам. Аммо баъди чанд рӯз хоҳараш занг зада, хабар дод, ки Фарҳод вафот кардааст. Гӯширо гузоштаму саросема ҷониби истгоҳ давидам. Як таксиро киро карда, ба деҳаи онҳо омадам, аммо дер кардаму дидори охирини маҳбубам ба ман муяссар нагашт. Баъдан фаҳмидам, ки Фарҳод шаш моҳ қабл аз гирифтор буданаш ба бемории саратони меъда хабардор шудааст. Вақте ки табобат дигар фоида намекунад, маро аз зиндагиаш берун мекунад.

Он рӯз гирёну нолон модари Фарҳодро ба оғӯш гирифтам. Модараш “бачаи чодар надидаам, шоҳписари ҷомаи домодӣ напӯшҳидаам”гӯён зор-зор нола мекард.
Хулоса, муддати ду рӯз дар хонаи онҳо истодаму ба хона баргаштам. Марги Фарҳод шавқу завқи зиндагиро дар дили ман куштааст. Паёмакҳои Фарҳоди армониро гаштаву баргашта мехонаму дилам ба фарёд меояд. Фарҳод бори охир чунин навишта буд:

“Баъди Ҷудоиамон маро нафрат накун. Тақдир бо хати сиёҳ ҳанӯз вақти дар батни модар будан сарнавишти маро навишта буд. Ту дар тақдири ман нестӣ, аммо ин гуноҳи ман нест”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД