arzon replenishment
МАРГИ ДУХТАРИ 13-СОЛА ВА НООРОМӢ ДАР САРҲАД
5360


Ҳамдигарро сангборон кардани сокинони деҳоти Хоҷа Аълои Исфара ва Куктоши Бодканд дар наздикии маркази тақсими об вазъиятро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дубора ноором гардонида, боиси тирпарронӣ ва захмӣ шудани одамони зиёде аз ду ҷониб гашт. Дар нитиҷаи ин задухӯрдҳо аз ҷониби Тоҷикистон 3 нафар куштаву 31 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Шумораи захмишудагон дар Қирғизистон ба маротиб бештар буда, 3 нафар кушта ва беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар байни кушташудагон аз ҷониби Тоҷикистон як духтари ноболиғи 13-сола низ будааст...

Тавре ки Спутник хабар медиҳад, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Омурбек Суваналиев, раиси вилояти Бодканди Қирғизистон шоми гузашта ба хотири хотима гузоштан ба нооромӣ ва бесарусомониҳо дар марзи ду кишвар изҳороти якҷояро дар бораи оташбас ба имзо расонидаанд, ки мувофиқи он бояд ҳайъати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба ҷойҳои истиқомати доимиашон баргардонида шаванд. Тибқи ин санад, гурӯҳи кории муштарак ташкил карда мешавад, ки ба он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ду кишвар шомил хоҳанд гашт. Вазифаи ин гурӯҳ фароҳам овардани шароит барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва ду давлати дӯст мебошад.
Сарфи назар аз созиши ҳукуматҳо ҳанӯз аз марз хабарҳо дар бораи тирпарронӣ ва нооромӣ ба гӯш мерасанд. Тавре ки “Азия-плюс” хабар додааст, ҳамагӣ як соат баъди имзои созишномаи оташбас аз ҷониби Қирғизистон ба хонаи як сокини ҷамоати Ворух ҳамла сурат гирифтааст. Хушбахтона касе зарар надидааст, зеро ҳодиса сати 21.00 сурат гирифта, соҳибони хона дар манзилашн набудаанд.
Сокинони Ворух бидуни барқ мондаанд ва роҳ ба он аз ҷониби қирғизҳо баста шудааст.

Ҳамзамон мувофиқи баъзе хабарҳо дар маҳаллаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифта, чандин нафар аз ҷониби Тоҷикистон тир хӯрдаанд.

Президент шабро дар ҷойи кораш саҳар кард
Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов аз вазъияти ноороми дар марзи ду кишвар ба амал омада сахт нигарон буда, шабро дар ҷойи кораш саҳар кардааст. Тавре ки котибаш Галина Байтерек изҳор доштааст, президент то саҳар хоб накарда, ҳар соат хабарҳои охирини аз сарҳад расидаро дастрас мекард, то аз вазъ хабардор бошад.

Хабарҳо дар бораи ғасби деҳти Қирғизистон
аз ҷониби Тоҷикистон дурӯғанд!

Сару садоҳо дар бораи он ки нерӯҳои Тоҷикистон деҳоти Қирғизистонро ғасб намудаанд, хеле зиёд буданд, вале Замирбек Нодирбеков, ноиби аввали дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, бо нашри як изҳорот ин хабарҳоро рад намуда гуфтааст:
“Ин иттилоъ дурӯғ ва иғво аст. Дар айни ҳол миёни мақомоти ду кишвар созиш барои оташбас аз соати 20:00 ва бозгашти нерӯҳо ба мақоми будубош ҳосил шудааст. Аз шаҳрвандон бори дигар даъват мекунам, ки ба иттилооти санҷиданашуда бовар накунанду маълумоти бардурӯғро паҳн насозанд!”
Ин аввалин муноқиша дар сарҳади ду кишвар набуда, чунин ҳодисаҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон чанд бор зуҳур намудаанд, вале умед мебандем, ки ақли солим ғолиб омада, тарафҳо боз ба мувофиқа мерасанд ва вазъият дар марзи ду кишвари ҳамсоя ором мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД