Formula novemver 2024
МАРГИ ДУ СИТОРАИ ТОБНОКИ ЭСТРАДА ҲАМАРО ГИРЁНД😭
5701

Фаҳим Раҳимӣ овозхон, оҳангсоз ва яке аз чеҳраҳои машҳури фарҳангу санъати афғон як рӯз пас аз марги ситораи эстрадаи саҳнаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ дунёро тарк намуд. Сабаби марги овозхонро дӯстону наздиконаш шиддати дарди гулӯ ва нафастангӣ гуфтанд. Ин сарояндаи шинохта ҳамагӣ 35 сол умр дошт ва падари панҷ писари дустрӯ буд.

Меросҷон Мизробӣ, яке аз овозхонҳои маҳбуби афғон, ки дӯсти Фаҳим буд, дар бобати марги дӯсташ чунин гуфт: Раҳимӣ дӯст ва рафиқи наздики банда буд. Бо марги нобаҳангомаш дар дили кулли мухлисонаш ғаму дардро зоеъ кард. Дӯстам ду моҳ қабл ба вируси куруно мубтало шуда буд ва бо табобат вазъияташ хеле хуб гашта буд. Мо пас аз ин беморӣ бо ҳам нишастем ва суруди наверо ба оҳанг ворид карда, композиториашро ба анҷом расонидем. Чӣ хел шуд ҳайрон шудем. Якбора вазъияташ бад гашта, дирӯз моро тарк намуд.


Ирфон, писари 13 - солаи Фаҳим, дар рӯзи ҷанозаи падараш гирён буд. Дар навор дида мешавад, ки бо гиря дар бораи падараш мегуфт: “Падарам ба ман ҳамеша мегуфт, ки ту забони ингисиро омӯз, туро ба Кунудо барои таҳсил роҳӣ мекунум.

Фаҳим Раҳимӣ то ин муддат қариб 300 суруд ва 500 оҳанг эҷод карда, ба мардум пешниҳод карда буд. Ӯ дар тамоми чорабиниҳои ҳукумати кишвари афғон пешсаф буд ва сурудҳои зебову ҷазоб месароид. Мардуми афғон хабари марги сарояндаи тоҷик Баҳром Ғафуриро шунида, афсӯс хӯрданд.
Онҳо бахабар аз он буданд, ки пас аз марги Баҳром талафоти бузурге онҳоро ҳам пайгир аст.

Ҷомеаи суннатии афғон аз марги нобаҳнгоми Фаҳим Раҳимӣ сахт андӯҳгин гашта, дуо намуданд, ки макони охираташ ободу манзили абадияш фирдавси барин гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД