Formula september
МАРГИ ҶАВОНИ 22-СОЛА ДАР САРИ ЧАНБАРАК
4600


Замоне ҷавонон соҳиби мошини гаронбаҳо шуданро орзу мекарданд, зеро мошини гаронбаҳо доштан як нишонаи қудратмандии мард ба шумор мерафт.

Ҷавонон дилбохтаи автомобил буда, кӯшиш менамоянд, ки бо кадом роҳе набошад, соҳиби мошин шаванд. Албатта як дастёри бе миннат буда, натанҳо соҳибашро ба сонӣ ба манзили мурод мерасонад, балки дар пешбурди рӯзгор низ кӯмак мекунад, вале баъзан ин мошини гаронбаҳояшон ба сари соҳибаш фалокатҳои азимро оварда метавонад. Ҳодисае, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайвастааст, далели равшани ин гуфтаҳост.

Рӯзи 20-уми июли соли 2021, тахминан соати 13:20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Таёта-Кемри”, Хуҷамқулов Аслиддин Асомуддинович, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди (Ёвон-Душанбе), воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада чаппа шудааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашина Хуҷамқулов А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони автомашинаи мазкур Куганов Мансурҷон Ҷӯрақулович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ҳамин ноҳия, Қиҷилова Зарина Салимовна, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Румӣ ва ноболиғ, Қиҷилова Фирӯза Салимовна, соли таваллудаш 2010, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Румӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД