Панҷ донишҷӯ дар шаҳри Тошканд, ки дар як хона зиндагӣ мекарданд, дар пайи заҳролудшавӣ аз моддаи номаълум фавтиданд.
Маводи номаълум сабаби марги панҷ донишҷӯ дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд шуд, хабар дод дафтари матбуоти Додситонии кулли Ӯзбекистон.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, донишҷӯён якҷоя дар хонаи хусусӣ дар кӯчаи Инжободи маҳаллаи Фирдавсӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар бино иҷоранишин буданд.
Манбаъ афзуд, ки ташхисгарон то ҳол натавонистаанд моддаеро, ки боиси марги донишҷӯён шудааст, муайян кунанд.
Дар байни кушташудагон, бино ба иттилои Додситонии кул, се донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд, донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи Инҳаи Тошканд ҳастанд. Тафсилоти дигари ҳодиса мушаххас карда мешавад.
Маълум аст, ки додситонии ноҳияи Юнусобод тибқи моддаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки боиси марги чанд нафар шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рафти тафтишот таҳти назорати Дастгоҳи марказии Додситонии кул қарор дорад.
Қаблан дар вилояти Самарқанд панҷ нафар бо заҳролудшавӣ аз хӯрок дар беморхона бистарӣ шуда буданд. Яке аз онҳо фавтид. Маълум аст, ки дар Самарқанд консервҳои помидор боиси заҳролудшавӣ шудаанд.
Бознашр аз Спутник.тч