Дар давоми 2-рӯз дар сомонаи вазорати умури дохила се хабар дар мавриди кордзанӣ чоп шудааст. Аз ҷумла, тибқи иттилои манбаъ саннаи 15-уми июли соли 2020 марди 31-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг дар дохили автомобили тамғаи “Опел-Астра” бародари ҳамсарашро, ки ҳамагӣ 35-сол дошт ва сокини ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи мазкур буд, бо корди ошхонагӣ 6-маротиба ба аъзои бадани почо зада, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳодисаи мазкур дар роҳи автомобилгарди “Восеъ-Ховалинг” дар кӯчаи 8-март рух дод.
Кормандони милитсия ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар-марди 31-соларо дастгир намудаанд,-меафзояд манбаъ.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои мазкур ҷавони 24-солаи сокини пойтахт бо гумони одамкушӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
Ин ҷавон шаби 15-июли соли равон дар хонааш бо бародари 18-солааш ҷангу ҷанҷол бардошта, бо корд як маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисонӣ бардошта, дар дохили хона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо гумони қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ дастгир карда шуд. Мавсуф рӯзи 11-уми июли соли 2020 аз руи хусумати пеш дошта бо марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди худсоз ба тарафи чапи сар ва пушти сараш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида зарари сабук ба саломати бардоштааст.
“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Росровути шаҳри Деваштич бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 10:00 дар манзили истиқоматиаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо бародараш ҷавони 22-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба пойи рости бародараш задаст”,-омадааст дар иттилоияи ВКД.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.