Замони муосирро бидуни такси тасаввур намудан душвор аст, зеро такси имрӯз барои мардум як дастёри беминнат гаштааст. Вақте ба ҷое шитоб дорем ва фурсати интизор шудани нақлиёти маъмулии ҷамъиятӣ нест, мо ҳатман ба таксӣ занг мезанем, зеро боварӣ дорем, ки он моро сари вақт ба манзили мақсудамон мерасонад, аммо...
Ҳолатҳое низ мешаванд, ки такси ба ҷойи манзили мурод касро ба гӯристон мебарад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани як садамаи маргбор дар шаҳри Бохтар хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 16-апрел сар зада, Хайралӣ Раҳматов, ронандаи ширкати “Рахш Такси-3333” бо мошини тамғаи “Тойота-Филдер” дар назди тарабхонаи “Азия” пиёдагард Мудинов Бӯрихони 60-соларо пахш намудааст.
Пиёдагард бар асари ин садама захмҳои зиёде бардошта, баъдан дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тафтишоти ин ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.