Arzon march 2024
Мардҳои ғайбатчӣ аз занҳо ҳам бадтаранд
669

Одатан, дар ҷомеа вақте сухан дар бораи ғайбату ғайбатгӯйӣ меравад, фақат занҳоро гунаҳгор мекунанд. Гӯё занҳо манбаи ғайбату дуруғгӯйӣ бошанду халос. Ман ба ин гуфтаҳо комилан розӣ нестам, зеро манбаи асосии паҳн шудани овозаҳои нодуруст ва ғайбат маҳз мардҳо ҳастанд, на “занакои лаби об”.

Барои исботи ин гуфтаҳо мисоле меорам. Ҳамсояи мо зани як марди меъмор аст, ки дар идораи меъмории шаҳр кор мекунад. Ин зан, фарз кардем, аз шавҳараш мефаҳмад, ки ба зудӣ ин ё он кӯчаи шаҳр тахриб мешавад. Ӯ ин суханони шунидаи худро нарезондаю начаконда ва бо иловаҳои худ зуд ба занҳои ҳамсоя мерасонад ва онҳо дар навбати худ ба дугонаҳои худ мебаранд. Зеро “зинда бод модари ғайбатчиҳо, телефони мобилӣ!”. Пас аз даҳ дақиқа аллакай тамоми шаҳр медонад, ки кадом кӯчаҳо “снос” мешаванд. Аммо манбаи аввала, яъне шавҳари зани ғайбатгар бо гӯшаи чашм танҳо нақшаи генералиеро дида буд, ки пас аз 10-15 сол бояд амалӣ шавад...

Барои ҳамин ҳам, мардум мегӯянд, ки “дарвозаи шаҳрро баста мешаваду даҳони мадумро не...”. Яъне, мардҳои муҳтарам, аз ин пас аввали манбаи аввали дурӯғпароканиро ёбеду баъд занҳоро гунаҳгор кунед!

Ман боре шоҳиди он будам, ки марде ба духтари покдомане туҳмат зад ва пас аз паҳн шудани ин овоза духтаракро касе ба занӣ гирифтан нахосту модараш бо ҳамин алам дунёро тарк гуфт. Пас аз чанде туҳмат будани ин суханон исбот шуд, вале аллакай дер шуда буд...

Барои ҳамин, раҳматии модаркалонам дар вақти дуо додан мегуфтанд, ки “аз туҳмати ногаҳону балои охирзамон паноҳ деҳ!”.

Фозиламоҳ ВОСИЕВА, китобдор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД