Arzon admin
Мардҳо аз занҳо бештар ба зӯроварӣ гирифтор мешаванд?
721

Маъмулан бештар занону духтарон ба шаклҳои гуногуни хушунату зӯроварӣ гирифтор мешаванд, вале вақтҳои охир мардон нисбат ба бонувон бештар аз содир шудани зӯроварӣ нисбаташон шикоят мекунанд. Дар шаш моҳи соли 2024 арзу шикояти 1569 нафар гирифторони зӯроварӣ мавриди санҷиш қарор дода шудааст.

Аҷибаш он аст, ки дар байни шахсони аз зӯроварӣ шикояткарда мардон нисбат ба занон қариб 4 маротиба бештаранд. Дар нимсолаи аввали соли равон 1291 нафар мардон ва писарон аз зӯроварӣ шикоят кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин давра ҳамагӣ 278 нафар занону духтарон аз содир шудани зӯроварӣ нисбаташон шикоят намудаанд.

Банафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи ин қазия гуфт: “Дар асл бонувон нисбат ба мардон бештар ба хушунат гирифтор мегарданд. Махсусан зӯроварӣ дар оила нисбат ба занону духтарон зиёдтар аст, вале бонувони тоҷик ба хотири вайрон нашудани оила дар аксари мавридҳо “сари кафида зери тоқӣ” гӯён, дар бораи ба зӯроварӣ гирифтор гаштанашон ба мақомот арзу шикоят намекунанд. Дар шароити деҳот бошад, ҳатто баъзе раисони маҳаллаҳо ва домуллоҳои деҳа, ки дар байни мардуми маҳаллӣ обрӯю нуфузи хоса доранд, занону духтарони ба хушунату зӯроварӣ гирифторшударо ба сабру тамкин талқин намуда, таъкид мекунанд, ки зан набояд сирру асрори хонаи шавҳарашро фош созад. Ҳамаи ин боиси он мегардад, ки занҳо нисбат ба мардон бештар сирри оиларо пӯшида нигоҳ дошта, пеши касе аз зӯроварӣ дар оила шикоят набаранд”.

Аммо мардҳо мисли бонувон чунин дурандеш нестанд ва вақте ки аз ҷониби ин ё он хешу табори ҳамсар нисбат ба мард ягон шакли зӯроварӣ содир гашт, ҳатман ба мақомот арзу шикоят мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД