Formula novemver 2024
Марди « занакча» Қисми 2
24.05.2022
ОИЛА
2406

Пас аз ин суханони келин дигар дар ин бора дар хонавода гап нашуд ва Носир дар як муддати кӯтоҳ сирри дӯзандагиро аз худ карда, дар ноҳия дузандаи номдоре шуд ва пас аз панҷ сол дӯкони дузандагии худро кушод.

Акнун пиру кампир нафаси озод кашиданду зиндагии оила рӯз аз рӯз хубтар мешуд. Гулнозу Носир соҳиби як духтараки зебое шуданд, мард акнун пулдор шуда буду зуд-зуд ба пойтахт рафта меомад, соҳиби мошини шахсӣ низ шуд. Ба ин хонадон мусибат омаду дар як сол ҳам модару ҳам модари Носир аз байн рафтанд. Пас аз гузаронидаи маъракаҳои онҳо Носир ба нею нестони ҳамсараш нигоҳ накарда, тамоми дороияшро дар зодгоҳаш фурӯхта, ба пойтахт кӯчид. Дар шаҳр низ ӯ бо ёрии дӯстонаш дарҳол корхонае кушода, роҳи корашро ёфт ва хонаю дарашро таъмири олиҷаноб карда, шароити мусоидро барои ҳамсару фарзандаш муҳайё кард. Гулноз низ бо ёрии ҳамсабақони донишҷӯяш кори хубе пайдо карду зиндагияшон ором ҷараён дошт. Ҳарчанд байни зану шавҳари ҷавон меҳре вуҷуд надошт, вале Гулноз шукронаи зиндагии орому осоишта ва духтараки зебояшро намуда, умр ба сар мебурд, вале…

Пас аз шаҳрӣ шудан Носир тамоман тағйир ёфта буд, ӯ абрӯвонашро чида, ба дастонаш дастпонаю ба ангуштонаш се- чор ангуштарӣ ва ба гарданаш занҷираи ғафси тиллоӣ баста мегашт, ба чеҳрааш ғоза ва ба лабонаш сурхӣ мемолид, баъдҳо дар гӯшҳояш гӯшвора низ пайдо шуданд. Ин тағйиротҳои Носир ва нигоҳҳои кунҷкобонаи ҳамсояҳо қаҳри Гулнозро оварданду боре ҳамсарашро сари инсоф хонд, вале шавҳари занакчааш чунон гапҳое гуфт, ки ҳанги ҷавонзан канд:

-Гӯш кун, бо ту песи ҳаром ман зиндагӣ дорам, ба хотири духтарам, катта –катта хӯрда, барои хешони қашшоқат пул фиристода гард! Ба андоми ман кордор нашав, ки талоқатро медиҳам!

Гӯшҳои Гулноз қуфл заданд, ӯ дигар мадори шунидани суханҳои шавҳарро надошт ва аз ҳамон рӯз бистарашро ҷудо кард, дигар намехост паҳлӯи занакчаи каждумзабон хоб кунад.

Носир низ маътали ҳамин будааст, ки дигар чизе нагуфт. Акнун зери як бом онҳо мисли бегонаҳо зиндагӣ мекарданд, танҳо духтарчаи зебоякашон Амира, ки дар синфи сеюм мехонд, ин риштаи ба зӯр пайвастро дар даст медошт, вагарна онҳо кайҳо аз ҳам ҷудо мешуданд. Носир духтарашро зиёд дӯст медошт ва барояш чизеро дареғ намедошт, Гулноз бошад, меандешид, ки чӣ хеле набошад, падари худаш барои духтарчааш дигар аст ва ба ҳама чиз барои ҷигарбандаш тоқат мекард. Чанд моҳ бад ин минвол гузашту як рӯз дугонаи ҷонии Гулноз, Беназир, ки дар ин шаҳр барои ӯ мисли хоҳар буду аз тамоми ғаму дардаш хабар дошт, бо чашмони аз ҳайрат ало-було ба дугонааш нигариста гуфт:

-Ноз медонӣ, шавҳарат на танҳо занакча, балки ҳамҷинсбоз будааст, ман дирӯз ӯро дар тарабхона бо як марди чорпаҳлӯи сиёҳҷурда дидам, ё араб буд ё афғон…- Гулноз ба суханони дугонааш бовар накарда гуфт, ки “хайр, ҳамроҳи ягон ҷӯрааш ба тарабхона рафтааст, агар ҳама мардони бо ҳам ба тарабхона мерафтаро ҳамҷинсбоз гӯем…»

-Э не,- сухани дугонаашро бурид Беназир,- он мард шавҳари туро бӯсид, аз лабонаш мисли занакро мебӯсанд ку….

Беназир барои тасдиқи гапҳои дугонааш ҳамроҳи ӯ чанд бор ба ҳамон тарабхона рафта поид ва дид, ки шавҳари «нозукхиромаш» бо ҳамон марди гуфтагии Беназир ба тарабхона меоянд. Бори чорум ё панҷум Гулноз тоқат накарда, назди як хизматгузори тарабхона рафта, ба ӯ сад доллар дароз намуда пурсид, ки дар бораи ҳамон ҷуфт маълумот диҳад.

-Апа, ман онҳоро аз наздик намешиносам, вале ҳама мегӯянд, ки Нозик ҳамун бачаи тоҷик «арӯс»-и ҳамин афғон аст,- гуфт бо нафрат хизматгузори тарабхона.

Гулноз худи ҳамон рӯз ба фурӯхтани тамоми чизи дар бисоташ дошта сар карду пас аз як моҳ духтарашро гирифта, ба Русия рафт. Ҳоло ӯ дар ҳамон ҷо соҳиби касбу кор ва хонаи обод аст. Духтараш донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Маскав мебошад, Носир (ё Нозик) ҳамроҳи дӯсти афғонаш ба Канада ҳиҷрат кардааст…..

                                                                                    Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД