Arzon march 2024
Марди "занакча" Қисми 1
23.05.2022
ОИЛА
2515

                           Марди « занакча»

Носир байни ҳафт апаю хоҳар писари ягона буд, шояд ҳамеша дар ҳалқаи духтарон буданаш сабаб гардид, ки занакмизоҷ ба воя расид.

Ӯ аз хурдӣ бо духтарчаҳо бозӣ мекарду чун ба мактаб рафт, ҳамеша майл ба духтарон дошт. Аз мактаб баргашта, ҳамсинфонаш футбол бозӣ кунанд, ӯ ҳамроҳи духтарон зочабозӣ мекард. Чун калон шуд, ягон ҷӯра надошт ва духтарон низ аз ӯ дурӣ меҷӯстанд. Дар деҳа бошад, ба номаш пасванди занакчаро часпонида, “Носири занакча”-аш мегуфтанд…

Табиист, ки ба ин гуна ҷавонон ҳамсар ёфтан аз маҳалли зист душвортар аст ва падари Носир, амаки Нозил аз ноҳияи дигар духтари як хеши занашро келин карда, ба хонааш овард. Амаки Нозилу холаи Сурайё шукр мекарданд, ки Худованд ба эшон дар сари пирӣ дастёри хуберо насиб дид, зеро духтаронаш кайҳо шавҳар карда, рафта буданд. Зани Носир Гулнози зебо, ки муаллимаи забони хориҷӣ буд, пас аз шиносоӣ бо шавҳараш ба даҳшат афтод, зеро ҳама ҳаракату гуфтори Носир занона буд. Аслан Гулноз духтараки зебо, хатмкардаи донишгоҳ ва донандаи хуби забони англисӣ буд, вале дар ҷо-ҷои баданаш доғҳои сафед дошт.

Танҳо ҳамин айбаш, ки ба назари мардум нонамоён бошад ҳам, дили худашро ғамгин мекард, ӯро водор намуд, ки аз байни хостгорони зиёд маҳз писари хешашонро интихоб кунад. Гулноз гумон дошт, ки ҷавони нохондаи қишлоқӣ ин гуноҳи ӯро нодида мегирад, вале хислатҳои бади ӯро дида, духтари бечора ба ташвиш афтод.

Шаби аввал тинҷу осуда гузашт ва Гулноз шукр кард, ки домоди занакча ба бадани вай аҳамияте надод. Носир рӯзи дароз мехобиду шабҳо бо суханҳои занонаи ғашовараш асабҳои арӯсакро хароб мекард. Ҷавонзан дар ҳайрат буд, ки ин ҷавонмарди биступанҷсола аз ҳисоби волидайни пираш хӯрда, зиндагӣ мекард. Оҳиста-оҳиста Гулноз ба тақдираш тан доду аз пайи тарбияи ҳамсари занакмизоҷаш камари ҳиммат баст. Аввалин коре, ки ҷавонзан дар ин росто оғоз намуд, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шавҳараш буд.

“Носирҷон, айб аст, ки ту аз ҳисоби нафақаи волидон ва он пуле, ки мӯйсафед аз фурӯши меваҳои боғ ба даст меорад, зиндагӣ мекунӣ. Албатта ду-се моҳ пас ман ба кор медароям, вале мард бояд ризқрасони оила бошад, фардо агар фарзанддор шавем, онҳо аз ту барин падар шарм доштанашон мумкин”,- гуфт як шаб Гулноз ба шавҳараш.

-Ту ҳоло кор надаромада, як пора нон ба ин хона наоварда, ин хел мегӯӣ, агар кор кунӣ, чӣ мешавад,- бо нози духтарона ғаши Гулнозро оварда гуфт шавҳари занакчааш. Аммо Гулнози оқила ҳозирҷавобӣ кард:- Мебахшеду бояд мард барои занаш як пора нон ёбад, на зан барои шавҳараш!

-Э дамата гир, рӯз шавад, ягон бало мекунем,- дод зад Носир ва пушташро тарафи занаш гардонида хоб рафт.

Гулноз Худоро шукр гуфт, зеро аз бӯсу канори Носир дилаш беҳузур мешуд…

Суханҳои Гулноз бетаъсир набаромаданду рӯзи дигар Носир ба маркази ноҳия коркобӣ рафт ва кор низ ёфт, дар корхонаи дузандагие шогирди дӯзанда шуд. Амаки Нозил дӯзанда шудани писарашро шунида қаҳраш омаду Носирро наздаш хонда, ба таври худ насиҳат кард:

-Бачам, касбҳои мардона қаҳт задаанд, ки ту дузанда мешавӣ? Беҳуда байни мардум дар бораи ту суханҳои ҳархела мегӯянд, ту бошӣ…- Гапи амаки Нозил ба охир нарасида, Гулноз, ки шоҳиди ин суханҳо буд, назди хусураш ҳозир шуда гуфт:

-Амак, дӯзандагӣ низ касб аст, баъд ин ки беҳтарин хаётони олам мардонанд, ҳеҷ гап не, бигузор Носир ба касби дӯстдоштааш машғул шавад.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД