Шабнам ҳамоно аз зандории шавҳараш бехабар буд. Ӯ соҳиби як писарчаи зебо шуд. Ҳамсари дигари Насим ҳам бехабар боз духтар таваллуд кард. Насим бо ӯ ҷанҷол бардошт.
Шабнам бисёр хурсанд буд. Насим баъди тавлиди писарча бисёр меҳрубониаш мекард.
Насим бо ҷавонзани шавҳараш дар маҳбас будае шинос шуд ва худро бебахту аз занаш ноосуда тасвир карда, дили ин занро ба даст овард ва бо ӯ рафтуомадро сар кард. Зан хоҳиш кард, ки бо ҳам никоҳ кунанд.
Рӯзе ин зан дараки Шабнамро ёфта, ба хонаи онҳо кофта-кофта омад ва бо Шабнам ҷангу ҷанҷол бардошт. Шабнам, ки табиатан ҷангара набуд, ба шавҳараш занг заду гуфт:
- Таъҷилӣ биё!
Насим давида омад ва он занро ҳақораткунон аз хонааш баровард. Занро талоқ дод.
Зани дар деҳа будааш бори ҳафтум ҳомила шуд ва бо амри қисмат соҳиби писар шуд навбати ҳафтум. Насим зуд-зуд ба деҳа мерафтагӣ шуд.
Боре Шабнам ба ӯ занг зада, садои бозӣ, ғавғои кӯдаконро фаҳмида, дилаш ким-чихел гувоҳӣ дода, пурсид:
- Дадаи Салимҷон, шумо дар куҷоед? Ин овози кӯдакон аз куҷо?
- Ман дар меҳмонӣ, баҳудаву беҳуда занг назан,- гӯён дод зада, Насим гӯширо хомӯш кард.
Шабнам дилаш мегуфт, ки шавҳараш боз зан дорад, аммо боз ҳам бовар намекард.
Насим рӯ ба ширкати шахсӣ овард ва худаш кушод. Акнун корд болои равған гашту мошини боз ҳам қиматтари хориҷӣ харид. Боре дар роҳ ҷавонзани хеле оростаеро савор кард. Ин ҷавонзан ҳофиза будааст. Насим боз худро марди аз зан шиканҷа дида муаррифӣ карда, ба дили ин ҷавонзани зебо роҳ ёфт ва бо ӯ он шаб ба хонааш рафт. Ӯро ҳам никоҳ кард. Бо ин ҳофиза 9 моҳ робита доштанд.
Шабнам аз дугонааш фаҳмид, ки доимо дар мошини шавҳараш як зани оростае ҳамроҳаш аст. Ӯ дараки ин ҳофизаро ёфта, гуфт, ки ё ман ва ё ин зан.
Хуллас, Насим он ҳофизаро сар дод. Баъди ин ҳофиза бо як муаллима, сипас бо як пешхизмати ошхона ошноӣ пайдо карда, бо онҳо никоҳ мекунад ва бо яке 8 моҳ, бо дигаре 3 моҳ муносибати занушавҳарӣ карда, сипас ҷудо мешавад.
Шабнам боз писарча таваллуд кард. Акнун шавҳараш бисёр инҷиқу беаҳамият шуда буд. Доимо барои пули хонаи иҷора ҷанг мекарданд. Насим бо ҳисоб барои хона маҳсулоти хӯрока мехарид. Шабнам фақат гиря мекард, ки “кай хона мехарӣ?”. Фақат ваъда медоду халос.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН