Arzon march 2024
МАРДИ ИСТАРАВШАНӢ ЗАНАШРО КОРД ЗАД
1844


Рост наомадани ситораи зану шавҳар дар зиндагӣ, набудани боварию ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, рашк, бадбинӣ, бекорӣ, бепулӣ, каму костӣ рӯзгор, бетарафии атрофиён ва дигар омилҳо боиси солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодани ҷангу ҷанҷолҳои хонаводагӣ гашта истодаанд.

Мутаасифона, баъзан як ҳарфи ноҷое, ки аз ҷониби зан ё шавҳар гуфта мешавад, боиси аланга задани оташи хонумонсӯзи қаҳру ғазаб гашта, моҷарои оилавӣ бо фоҷиа анҷом меёбад. Ҳодисае, ки дар Истаравшан рӯй дод, далели равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан бо гумони расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба шахси дигар хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, санаи 30-апрел, тахминан соатҳои 7.30-и субҳ ин мард дар манзили истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷангу ҷанҷол карда, дар ҷараёни ин моҷарои оилавӣ зани 46-солаашро корд задааст. Ҷабрдида дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол дода шуда, нисбати марди муштзӯр бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикстон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Ҳодисаи дуюми кордкашӣ санаи 2-май дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт сар зада, як марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ ҳамдеҳаи 31-солаашро корд задааст. Марди ҷабрдида бар асари захми бардоштааш дар беморхона ҷон дода, нисбати гумонбар парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст.

Тафтишоти ин ду қазияи хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД