Дар кишвари Ҳиндустон марде зиндагӣ мекунад, ки думи 37-сантиметра дорад.
Сокинони шаҳри Алипурдуар нисбати марди 35-солаи думдор, ки Чандра Ораон ном дорад, меҳру муҳаббати хос ва таваҷҷуҳи зиёд доранд. Аз пушти ин марди ҳинду думи 36,83-сантиметра овезон аст. Мардум мўътақиданд, ки марди думдор таҷассумгари бути ҳиндуҳо Хануман аст.
Одамон қобилияти бемалол дар болои дарахтон гаштани Чандраро ба думаш нисбат медиҳанд. Зиёраткунандагон бо мақсади шифоёбӣ ё гирифтани дуои нек рўзи дароз навбат мепоянд, то ки ба думи 37-сантиметрааш даст расонанд.
Табибон думи пашмини марди ҳиндуро ноқисии ҷисмонӣ шуморида, ба Чандра пешниҳоди аз он халос шуданро намудаанд, вале «Хануман» рад кардааст.