formula
Марди думдоре, ки мардум ба зиёраташ мераванд
634

 

Шаҳри Алипурдуари кишвари Ҳиндустон макони зиёрати аксари сокинони Банголия гаштааст. Гап сари он аст, ки дар ин шаҳрак марде зиндагӣ мекунад бо думи 37 сантиметра.

Сокинони шаҳри Алипурдуар ба ин марди 35-сола, ки Чандра Ораон ном дорад, бо сабаби фарқияти нодири анатомӣ доштанаш муҳаббати зиёд доранд. Аз думғозаи ин марди ҳинду думи 36,83 сантиметра баромадааст. Мардум муътаќиданд, ки марди думдор таљассумгари бути ҳиндуҳо- Хануман аст.

Қобилияти бемалол дар болои дарахтон гаштани Чандраро мардум бо думаш тавъам медонанд. Зиёраткунандагон бо маќсади шифоёбӣ ё гирифтани дуои нек рўзи дароз навбат мепоянд, то ки ба думи 37 сантиметраи Ораон даст расонанд.

Табибон думи пашмини марди ҳиндуро ноқисии љисмонӣ шуморида, ба Чандра пешниҳоди аз он халос шуданро намуданд, вале «Хануман» розӣ нашуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД