23-февралро ҳамасола дар тамоми ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ҳамчун иди шуҷоату мардонагӣ таҷлил менамоянд. Ин рӯзро дар кишвари ҳамчанд бо унвони “Рӯзи артиши миллӣ” ҷашн бигиранд ҳам, он танҳо иди сарбозону афсарон набуда, иди тамоми ҷавонмардон аст. Худованд рисолати бузургеро бар дӯши мардон вогузор намудааст, онҳо натанҳо барои ҳифзи марзу буми Ватан, балки барои дифоъ аз зану фарзанд ва таъмини маишасти зиндагии пайвадони хеш низ масъуланд. Аз ҳамин хотир дар рӯзи иди мардон мо назари чанд нафар бонувонро оиди нақши мард дар зиндагӣ пурсон шудем.
Санам Назарова:
Катагии занҳо аз пушти мард аст!
Дар ҳаёти ҳар як зан мард бисёр нақши муҳим дорад. Зан ҳарчанд сарватманд ва соҳиби дороии зиёд бошад ҳам, бидини мард худро ҳамеша нокомил эҳсос хоҳад кард. Мояи хушбахтии зан дар зиндагӣ ин марди дӯстдоштаи ӯст. Шахсан барои мард шавҳарам, яъне марди хонадонам ҳама чизи ман аст. бо шавҳарам ифтихор мекунам, зеро ҳамеша ҷон коҳонда тамоми шароитиҳоро барои ману фарзандонам фароҳам меорад. Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд, ки мард шоҳсутуни хонадон аст, тамоми катагии мо, занҳо аз пушти мард аст.
Санавбар Шодиева:
Хонаи бе мард торику сард аст
Баназари ман асоси оила ин мард аст. Зан ба танҳоӣ наметавонад оилаи слим барпо намояд, чунки бе падар тарбия кардани фарзандон бисёр душвор ва дандоншикан аст. Гармиву рушании хона ва суботи ҳаёти мо, занҳо пеш аз ҳама самари вуҷуди мардон дар ҳаётамон аст. Зан шояд тавонад дар танҳоӣ ҳам бачаҳояшро хӯронаду пӯшонад, аммо бе мард худро ҳаргиз ба маънои тмаш хушбахт эҳсос карда наметавонад, чунки худо мард ва занро ду нимаи як тан офаридааст. Зани танҳо мисли инсоне, ки як нимаи танаш нест, ҳамеша ошкору пинҳон рашҷ мекашад-ранҷи танҳоӣ. Аз ҳамин хотир ба тамоми бонувон маслиҳат медиҳам, ки ба қадри мард расида, ҳурмату эҳтироми шавҳарашонро ба ҷо биёранд.
Омина Ашурова:
Мард мавҷуди пурзӯр, вале нозук аст
Мард дар ҳаёти ҳар як зан албатта нақши бориз дорад. Бобоям ҳамеша вақте сухан дар бораи нақши мард дар ҳаёти зан ё умуман масъалаи ҷуфт мерафт, моро насиҳат карда мегуфтанд: "Ҷуфт гуфтагӣ гап чизи бениҳоят аҷиб ва аз тарафи дигар чизи бениҳоят ҳассос аст". Ин суханони бобоям чунин маъно дошт, ки зан бояд дар муносибат бо мард бисёр эҳтиёткор бошад ва дили ӯро наранҷонад, вале мардон низ бояд барои ҷову мақоми худро гум накардан ва нақш гузоштан дар ҳаёти зан талаботҳои ҳамсарашонро ҳамаҷиҳата таъмин намоянд. Дар ҳаёти оилавӣ ва хонадорӣ мард бояд ҳамеша бо зан одилона рафтор намояд. Вақте ки мард талаботҳои моддиву маънавии занро бароварда месозад, қадру қимматаш дар назари зан рӯз то рӯз болотар меравад.
Мастура Сӯҳробзода:
Марду зан бе ҳамдигар ҳеҷанд!
Мард дар ҳаёти зан нақши муҳим дорад. Маҳз мард аст, ки оиларо нигоҳубин мекунад ва ҳамеша барои бехатарии аҳли хонаводааш дар пайроҳаи зиндагӣ мубориза мебарад. Дар навбати худ зан ҳам дар ҳаёти мард нақши муҳим дорад. Ин ҷуфтро Худованд барои ҳам офарида, ки бе якдигар зиндагӣ карда наметавонанд.
Аз идора
Дар охир мо тамоми ҷавонмардони асили тоҷикро бо рӯзи идашон табрику муборакбод гуфта, баряшон тани сиҳат, хотири шод, ҷайби пур ва тамоми сарбаландиву хушиҳои зиндагиро таманно менамоем. Ба бонувон бошад гуфтанием: Занҳои азиз ба қадри мард, ба қадри ҳамсар ва хонаи ободи худ бирасед, зеро мард баракати зиндагист!