Духтури маъруфи австралиягӣ Ҷон Левин дар синни 93-солагӣ падар шуд! Ҳамсари ӯ Янъин Луи 37-сола писарча ба дунё овард.
Ҷон аллакай фарзандони калонсол аз никоҳи аввал дошт, яке аз онҳо дар синни 65-солагӣ аз дунё гузаштааст. Бо вуҷуди ин, қарор дод боз падар шавад. Таваллуд бо роҳи ЭКО (бордоркунии сунъӣ) сурат гирифт. Левин, ки мутахассиси тибби зидди пиршавӣ аст, мегӯяд: «Мехоҳам то 21-солагии писарам зинда бошам ва ҳатман дар ҷашнаш иштирок кунам!».
Ӯ ҳар рӯз машқ мекунад, ғизои солим мехӯрад ва аз машрубот худдорӣ менамояд. Бо ҳамсараш зиёда аз даҳ сол зиндагӣ дорад, онҳо ҳангоми дарсҳои забони чинӣ шинос шудаанд. Ҳоло орзу доранд, ки духтаре низ дошта бошанд.