35 years of independency
Марди 65-сола бо гумони куштори бародараш боздошт шуд
27.11.2026
Оила
42

Марди 65-сола бо гумони куштори бародараш боздошт шуд

Дар шаҳри Турсунзода марди 65-сола бо гумони куштори бародари 56-солааш боздошт шудааст. Ба иттилои мақомот, гумонбар дар ҳолати мастӣ бо бародараш муноқиша карда, ӯро бо табар задааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз гумонбар Амодулло Ишмуродов ном бурдааст.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса шоми 25 ноябр дар деҳаи Сангқалъаи ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода рух додааст. Гуфта мешавад, Амодулло Ишмуродов дар ҳолати мастӣ бо бародараш Абдурашид Ишмуродов муноқиша карда, бо табар ба сар ва дигар узвҳои бадани ӯ шаш зарба задааст.

Дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардошта марди 56-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Сабаби сар задани муноқиша то ҳол маълум нест. Ҳамчунин, назари гумонбар дар робита ба ин ҳодиса дастрас нест.
ВКД хабар додааст, ки аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Аммо мақомот моддаи мушаххаси Кодекси ҷиноиро, ки бар асоси он парванда боз шудааст, эълон накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ҷинояти одамкушӣ ҷазо аз 8 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД