Ҳунарманди амрикоӣ Тим Кридланд бо тахаллуси Замора - шоҳи шиканҷа маъруф аст.
Ӯ ҳанӯз аз овони кӯдакӣ бо қобилияти эҳсос накардани дард рафиқонашро ба ҳайрат меовард. Ҳамон давра Тими хурдсол метавонист ба осонӣ сӯзанро зери пӯсташ кашад. Чунин истеъдодро, бешубҳа, бояд ба одамон нишон медод.
Пас аз чанде, ӯ дар назди тамошобинон бо намоишҳои фавқулода баромад мекард. Оташу шамшерро фурӯ мебурд, болои мехҳо мехобид ва лахча ба дасти урён мегирифт. Ҳамин тавр, чизе ки дигаронро мубталои дарди ҷонкоҳ мегардонад, ба ӯ асаре намекунад.