Дар ҷаҳон одамони аҷибе ҳастанд, ки бензин, собун, шиша ё гил мехӯранд. Амбули Абу аз Ҳиндустон ягона одамест дар саросари ҷаҳон, ки ангиштсанги сӯзонро мехӯрад. Амбули бо ангиштхӯрияш ба китоби Гиннес дохил шуда ба рӯзноманигорон иқрор гаштааст, ки чунин «ғизо» дарднок асту ба меъдаву рӯдаҳояш зарар мерасонад. Хоҳиши машҳур шудану ном баровардан марди ҳиндуро ба чунин азобҳо тела медиҳад.
Амбули Абу чандин сол лахчахӯриро машқ карда, ретсепторҳои тамъҳискунандаи забонашро нобуд сохтаасту дигар тамъи хӯрокро эҳсос намекунад.