Саргузашти аҷиби Патрик Мвалуаи кениягӣ собит месозад, ки инсон бузургтарин мавҷудоти рӯи олам аст. Ӯ ҳар рӯз мошини обкашро киро карда, ба ҳавзҳои хушкшудаи боғи миллии Тсаво-Уэст беш аз 11 ҳазор литр об меорад. Ҳайвонҳои ваҳшӣ, аллакай дӯсташонро мешиносанд. Ҳамин, ки Патрик намоён шуд, аз пасаш филу говмеш, антилопаю гӯрхарҳо медаванд. Ӯ деҳқони одӣ аст. Аслан, ҷуворимакка парвариш мекунад. - Дар ин ҷо, умуман, об нест. Ҳаёти ҷонварон дар хатар аст. Агар барои зинда мондани онҳо ёрӣ надиҳем, нобуд мешаванд, - мегӯяд Патрик. - Ин макон зодгоҳи ман аст, - мегӯяд ӯ. – Ҳамин ҷо таваллуд шудаву бо ҳайвонҳои ваҳшӣ ба воя расидам. Аз ин рӯ, нисбаташон муҳаббат дорам.