Марди бақувваттарини кишвари Африқо бо номи Айрон Бибӣ сирри қаду қомати паҳлавононаи худро фош намуд.
“Дар як рӯз то ҳашт мурғи пухтаро дар танҳоӣ хӯрда, тамом карда метавонам. Бо ҳамин роҳ миқдори сафедаро дар ҷисмам муътадил нигоҳ медорам. Ҳамзамон меваву маҳсулотеро истеъмол мекунам, ки карбогидрат дошта бошанд. Парҳези мазкур барои ҳар варзишгар лозим аст”, -гуфтааст Биби.
Бояд қайд намуд, ки номи аслии варзишгари мазкур Шайх Аҳмад ал-Ҳасан буда, зодаи Буркин аст ва 187 кг вазн дорад.